Тафсири Сураи Анбиё Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 99
لَوْ كَانَ هَٰؤُلَاءِ آلِهَةً مَا وَرَدُوهَا ۖ وَكُلٌّ فِيهَا خَالِدُونَ ٩٩
Лав кана ҳаулаи олиҳата-м ма варадуҳа. Ва куллун фӣҳа холидун. 99.
99. Агар ин маъбудон (худо) мебуданд, ба Дӯзах дохил намешуданд ва ҳамаи онҳо дар он ҷо ҷовид бошанд.
Дар ин оят далели ботил будани даъвои мушрикон баён шуда, Худованд фармудааст, ки агар ин бутҳо, чуноне ки мушрикон мепиндоранд, худоёни воқеъӣ мебуданд, асло онҳо вориди Дӯзах намешуданд. Пас, агар онҳо ба Дӯзах ворид шуданд, маълум аст, ки бутҳо худоёни воқеӣ нестанд. Бинобар ин, бутпарастон ҳамроҳи бутҳояшон дар Дӯзах ҷовидон боқӣ монда, аз он берун оварда намешаванд. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад…
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «