Тафсири Сураи Анбиё Ояти 100 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анбиё Ояти 100
لَهُمْ فِيهَا زَفِيرٌ وَهُمْ فِيهَا لَا يَسْمَعُونَ ١٠٠
Лаҳум фӣҳа зафӣру-в ва ҳум фӣҳа ла ясмаъун. 100.
100. Онҳоро он ҷо нола бошад ва онҳо он ҷо (ҳамдигарро) ҳеҷ нашунаванд,
Тоифаи кофироне, ки дар оятҳои қаблӣ зикри ҳолашон гузашт, чун вориди Ҷаҳаннам мешаванд, монанди садои қалби шахси ғамгин чунон оҳу нола мекунанд, ки аз сабаби шиддати тарсу ҳарос (азоби сахт) ҳатто садои нолаву зорӣ ва ғавғои ҳамдигарро намешунаванд.
Эҳтимол меравад, ки онҳо сухане, ки мояи хушҳолии онҳо бошад, намешунаванд, магар нолаҳои ҷонкоҳи Дӯзахиён ва фарёди фариштагони азоб.
Баъди зикри ҳоли кофирон (мушрикон) дар оятҳои 101-103 ҳоли муъминон баён шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «