Сураи Анбиё Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анбиё Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анбиё Ояти 98

إِنَّكُمْ وَمَا تَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنْتُمْ لَهَا وَارِدُونَ ٩٨

Иннакум ва ма таъбудуна мин дуниллаҳи ҳасабу Ҷаҳаннама антум лаҳа варидун. 98.

98. Ҳаройина, шумо ва он чӣ ба ҷуз Худо мепарастед, оташафрӯзи Дӯзах бошед, шумо вориди он мешавед!

Худованд дар ин оят мушрикони бутарасти Маккаро мавриди хитоб қарор дода гуфтааст, ки ай мушрикон дар ҳақиқат шумо ва бутҳое, ки мавриди парастиши шумо қарор гирифтаанд, маводи сӯхт ва оташафрӯзи Ҷаҳаннам буда, ҳамроҳи бутҳоятон ба оташи Ҷаҳаннам андохта мешавед. Мақсад аз ҷазо додани бутҳои бешуур барои он аст, ки ҳасраташон зиёда шавад ва пурратар фаҳманд, ки чизҳое, ки аз онҳо умеди хайр доштанд, имрӯз ҳатто худро нигаҳ дошта наметавонанд, пас онҳоро чӣ тавр ҳимоят мекунанд?

Муфассирон гуфтаанд ҳар чанд Исо (а), Узайр (а) ва фариштагон мавриди парастиши гурӯҳҳои мухталифи мушрикон қарор гирифтаанд, бинобар маълумоти (мазмуни) ояти 101-уми ҳамин сура дар мазмуни ин оят дохил нестанд, зеро дар ин оят ба мушрикони Макка хитоб шуда аст ва онҳо ба ғайр аз бутҳо дигар чизҳоро шарики Худо қарор намедоданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анбиё «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анбиё Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анбиё Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)