Сураи Анфол Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анфол Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анфол Ояти 21

وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ قَالُوا سَمِعْنَا وَهُمْ لَا يَسْمَعُونَ ٢١

Ва ла такуну ка-л-лазӣна қолу самиъна ва ҳум ла ясмаъун.21.

21. Ва монанди касоне машавед, ки гуфтанд «шунидем». Ва ҳол он ки онҳо намешунаванд.

Аллоҳтаъоло дар ин оят ба мусалмонҳо гуфтааст, ки шумо мисли шахсони кофир ё мисли мушрикон, ки сухани ҳақро мешуниданд, лекин амал намекарданд, нашавед! Зеро шахси кофиру мунофиқ ба гӯш сухани ҳақро шунавад ҳам, локин ба дил намешунавад. Агар онҳо бо дил мешуниданд, панд мегирифтанд.

Оре! Агар инсон сухани ҳақро шунавад, локин онро қабул накунад ё ба он амал нанамояд, ин гуна шунидан чӣ маъно ва чӣ фоида дорад? Одати баъзе инсонҳо, чуноне ки дар ояти 23-юми сураи «Бақара» гузашт, ба одати қавми Мӯсо (а) монад. Зеро қавми Мусо (а) ба ӯ гуфтанд «суханатро шунидем, локин напазируфтем» ё дар ояти 31-уми ҳамин сура омада, ки мушрикон гуфтанд: «Қуръонеро, ки ба мо мешунавонӣ, мо шунидем, вале агар бихоҳем, метавонем мисли онро биёрем». Шеваи мунофиқони Мадина низ чунин буд, ки назди Пайғамбар (с) гӯё мусалмон меомаданд, бо забон иқрор мекарданд, лекин дар дил инкор доштанд. Ба ҳар ҳол рафтори муъмини содиқ набояд монанди мушрикон ва ё мунофиқон бошад. Зеро…


Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анфол Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анфол Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)