Сураи Анфол Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анфол Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анфол Ояти 22

۞ إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِنْدَ اللَّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لَا يَعْقِلُونَ ٢٢

۞ Инна шарра-д-давабби ъиндаллоҳи-с-сумму-л-букму-л-лазӣна ла яъқилун. 22.

22. Ҳаройина, бадтарини ҷунбандагон назди Аллоҳ карону гунгонанд, ки онон андеша намекунанд.

Сабаби нузули ояти мазкурро баъзе аз муфассирон чун соҳиби «Сафватуттафосир» дар шаъни ҷамоъате аз қурайшиҳо, ки мансуб ба авлоди Абдуддор буданд, донистаанд. Онҳо гуфтанд, ки мо ба он чи ки Муҳаммад (с) овардааст, кару гунгем. Бо чунин ақидаи фосид онҳо низ ҳамроҳи Абӯҷаҳл алайҳи Расулуллоҳ (с) ба ҷанг баромаданд. Аллоҳтаъоло дар ин оят шахсонеро, ки сухани ҳақро бо андеша ва тафаккур намешунаванд ва аз он таъсире намебардоранд, аз ҳайвон ҳам бадтар ҳисобида гуфтааст, ки бадтарин доббаҳ (ҷунбанда) назди Аллоҳ шахсоне ҳастанд, ки гӯш доранд, локин мисли кар гӯё сухани ҳақро намешунаванд, забон доранд, локин мисли гунг ҳақро намегӯянд, ақл доранд, локин мисли шахсони беақл (девона) ақли худро чандон кор намефармояд, то некро аз бад ҷудо карда тавонанд. Чунин мазмунро дар ояти 171-уми сураи «Бақара» ва ояти 179-уми сураи «Аъроф» низ вохӯрдан мумкин аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анфол Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анфол Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)