Сураи Анфол Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анфол Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анфол Ояти 30

وَإِذْ يَمْكُرُ بِكَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِيُثْبِتُوكَ أَوْ يَقْتُلُوكَ أَوْ يُخْرِجُوكَ ۚ وَيَمْكُرُونَ وَيَمْكُرُ اللَّهُ ۖ وَاللَّهُ خَيْرُ الْمَاكِرِينَ ٣٠

Ва из ямкуру бика-л-лазӣна кафару ли юсбитука ав яқтулука ав юхриҷук. Ва ямкуруна ва ямкуруллоҳ. Валлоҳу хайру-л-макирӣн. 30.

30. Ва ба хотир ор ҳангомеро ки кофирон ба ту куфр варзиданд, макр карданд, то ин ки туро ҳабс кунанд ё туро бикушанд ё туро аз Макка берун кунанд ва онҳо макрҳо андешиданд ва Аллоҳ ҳам тадбири корҳои онҳоро кард. Ва Аллоҳ беҳтарини тадбиркунандагон аст.

Дар ин оят зикри неъмати махсуси Худованди ба миён омада, Аллоҳтаъоло ба Расулуллоҳ (с) хитоб намуда фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), ба хотир ор вақтеро ки кофирон нақша мекашиданд, ки туро ё зиндон кунанд ё ба қатл расонанд ва ё аз Макка хориҷ созанд!

Онҳо чораҳо меандешиданд ва тадбирҳо мекарданд, локин Худованд, ки беҳтарини чораҷӯяндагон ва беҳтарини тадбиркунандагон аст, ҳама нақшаву макру ҳилаи онҳоро нақши бар об сохт ва Расуллулоҳ (с) сиҳату саломат вориди Мадинаи мунаввара шуд.

Сабаби нузули ояти мазкурро бо риявоти Ибни Аббос (р) ва бо ривояти Муҳаммад ибни Исҳоқ ва Имом Аҳмад ва Ибни Ҷарир ва ғайра муафссирони олиқадр чунин баён кардаанд: Сарони Қурайш фаҳмиданд, ки гурӯҳе аз мардуми Мадина, ки ҳоло онҳоро асҳоби ақаба мегӯянд, дар атрофи Макка бо Расулуллоҳ (с) ба таври пинҳонӣ аҳду паймон баста, мусалмон шуда ба Мадина баргаштаанд. Ҳамчунин баъзе мардуми Макка низ ба Расулуллоҳ (с) пинҳонӣ байъат намуда (даст дода), мусулмон шуда ба Мадина кӯчида истодаанд, Ислом дар Мадина интишору инкишоф ёфта истодааст. Онҳо дарк карданд, ки Мадинаи мунаввара барои мусалмонҳо ҳамчу марказ қарор гирифтааст. Мусалмонҳо метавонанд дар оянда қудрат пайдо кунанд ва алайҳи қурайшиҳои мушрик муборизаро оғоз намоянд. Сардорони Қурайш фаҳмиданд, ки ҳозир шудани сарвари мусалмонон Муҳаммад (с) дар Мадина аз эҳтимол дур нест.

Хулоса, ин ва дигар корҳои мусалмоншудагон барои онҳо бонги хатар мезад; Онҳо дар машваратгоҳи худ ба номи «Дорун-нудва», ки дар асл хонаи Қусай ибни Килоб ва ҳоло он манзил бо Масҷидулҳаром пайвастааст, буд, ҷаласаи фавқулодда ташкил дода, барои нест кардани ин ҷараён машварат оростанд. Абӯҷаҳл, Назр ибни Ҳарис, Утба, Шайба, Умаята ибни Халаф, Абусуфён ва дигар шахсиятҳое, ки сарони қабилаи Қурайш ҳисобида мешуданд, дар ин ҷамъомад ҳузур доштанд. Ҳар кадоми онҳо аз пешрафти рӯзафзуни Ислом, Расули карим ва мусалмонон изҳори норозигӣ ва эҳсоси хатари худро баён намуда оид ба муқобилият нишон додан ба пешрафти корҳои мусалмонон ва Муҳаммад (с) фикр ва тадбирҳои худро пешниҳод мекард. Бархе аз онҳо мегуфт: “Фардо ӯро ба банду ҳабс кашед.” Дигаре мегуфт: “Ӯро аз Макка бадарға кунед.” Дигаре чун Абӯҷаҳл мегуфт: “Аз ҳар қабила як ҷавони мусаллаҳ интихоб кунед, то онҳо бо ҳам ҷамъ шаванд, ҳамаи онҳо силоҳ бардошта, бо як овоз ҳама бо ҳам ӯро зананду ба қатл расонанд, дар он сурат хуни ӯ дар қабилаҳо тақсим мешавад.” Бани Ҳошим барои қасоси табори худ ба ғайри хунбаҳо гирифтан дигар қуввате надорад, ки ба ҳамаи ин қабилаҳои бисёр биҷангад. Ҳама сарони Қурайш дар пешниҳоди Абӯҷаҳл иттифоқ карданд. Ривоят ҳаст, ки шайтони лаъин мисли пирамарди солхӯрда дари «Дарун-надва» ҳозир шуд, мардуми онҷобуда аз ӯ пурсиданд, ки ту кистӣ, чаро ин ҷо ҳозир шудӣ? Ӯ гуфт: “Ман бошандаи ҳамин маҳаллаам. Ба ман хабар расид, ки шумо барои кори муҳиме машварат оростаед, ман барои ҳамдардии шумо омадаам, мумкин ман барои шумо маслиҳати хубе дода тавонам. Ба шунидани ин сухан ӯро ба дохили маҷлисгоҳ фаро хонданд, ӯ низ фикри ҳеҷ якеро ба ғайри фикри Абӯҷаҳл дуруст наҳисобид.”

Худи ҳамон шаб машвараи нопоки худро ҷомаи амал пӯшониданӣ шуданд… Яъне хонаи Расулуллоҳ (с)-ро дар муҳосира қарор доданд. Расулуллоҳ (с) бинобар иттилои қаблие, ки аз Ҷабраил (а) дарёфт карда буд, ба Алии муртазо (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ишора кард, ки дар бистар ба ҷои вай хобад ва ӯро итминон дод, ки ба вай ҳеҷ газанде намерасад. Алӣ (к) мутобиқи ишораи Расулуллоҳ (с) дар бистари Расуллулоҳ (с) то саҳар хобид. Ӯ (с) бо дастуру муъҷизаи илоҳӣ як мушт хокро бардошту бо рӯйи ҷавононе, ки муҳосираи хонааш дар ихти


Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

ёри онҳо буд, пош дод. Худованд биноӣ ва ақлу ҳуши онҳоро боз дошт ва Ӯ (с) аз он маҳала хориҷ шуд. Ҳеҷ кас ӯ (с)-ро надид. Пас аз ин касе омаду аз онҳо пурсид, ки чаро шумо ин ҷо истодаед? Онҳо гуфтанд, ки интизори баромадани Муҳаммад (с) ҳастем, то ӯро якбора ҳалок созем! Он шахс гуфт: “Чаро шумо дар ин гуна хаёли ботил фурӯ рафтаед? Ӯ бар сари шумо хок пошиду аз ин ҷо баромада рафт…”

Хулоса, муҳосираро то субҳ идома дода диданд, ки то субҳ Алии муртазоро посбонӣ кардаанд. Ба ӯ ҳеҷ зараре нарасониданд. Дар ривоятҳо омадааст, ки он дуое, ки Расуллулоҳ (с) бар он мушти хок дамид, аз ояти 1-ум то 9-уми сураи «Ёсин» буд.

Ин аст оғози ҳиҷрати Расулуллоҳ (с) аввалан ба ғори Савр ва баъди се рӯз ба тарафи Мадинаи мунаввара. Ҷараёни боқии қиссаро аз китобҳои қисаси муътабар ҷӯё шавед. Кофирони номбурда дар шаъни Расулуллоҳ (с) бо ин қадар ҷиноятҳо кифоя накарда, дигар гуноҳҳоро низ карданд. Аз он ҷумла:

Мақолаи қаблӣСураи Анфол Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анфол Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)