Тафсири Сураи Анфол Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анфол Ояти 33
وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيُعَذِّبَهُمْ وَأَنْتَ فِيهِمْ ۚ وَمَا كَانَ اللَّهُ مُعَذِّبَهُمْ وَهُمْ يَسْتَغْفِرُونَ ٣٣
Ва ма каналлоҳу ли юъаззибаҳум ва анта фӣҳим. Ва ма каналлоҳу муъаззибаҳум ва ҳум ястағфирун. 33.
33. Ва то вақте ки ту миёни онҳо бошӣ, Аллоҳ онҳоро азобкунанда нест, ва модоме ки онҳо истиғфор мекунанд, ҳаргиз Аллоҳ онҳоро азоб накунад.
Дар ояти қаблӣ мунтаҳои ҷаҳлу бадбахтии мушрикони Макка баён шуд. Онҳо гуфтанд: “Худоё, агар дини Ислом ҳақ бошад, чаро мо аз муддатҳо ин ҷониб алайҳи он ҷидду ҷаҳд дорему онро дурӯғ меҳисобем, ба мо ҳеҷ газанде намерасад? Ин таъхири азоби мо барои чист? Пас, чаро мо мисли умматҳои гузашта сангборон намешавем” ва ғайра. Ояти мазкур дар посухи саволи онҳо ду сабаби ба ҳалокат дучор нашуданашонро баён намудааст. Дар баёни сабаби нахуст гуфтааст, ки ай Расули гиромӣ, одатуллоҳ чунин ҷорӣ шудааст, ки то замоне ки пайғамбарон байни қавмашон бошанд ва аз он диёр берун нарафта бошанд, азобе бар сари он қавм нарехтааст.
Хулоса, онҳое, ки мухолифи Қуръону Исломанд, сазовори азоби сангборонанд, вале ҳузури Сарвари коинот (с) дар Макка монеи азоби илоҳӣ буд.
Ин қисмати оят, ки эзоҳ дода шуд, бо ривояти Ибни Ҷарир дар Макка нозил шудааст. Аммо қисми охири оят, ки ҳоло эзоҳи он шурӯъ мешавад, дар Мадина нозил гаштааст. Яъне сабаби дувуми ба ҳалокат нарасидани онҳоро Худованд чунин гуфтааст, ки Худо бар онҳо азоб нозил намекунад дар ҳоле ки онҳо истиғфор кунанд. Ин ҷузъи оятро муфассирон чунин тафсир кардаанд: Расулуллоҳ (с) аз Макка ба Мадина Ҳиҷрат карданд, чаро аҳли Макка ба азоб гирифтор нашуданд? Сабаб дар он аст, ки баъди рафтани Расулуллоҳ (с) низ дар Макка шахсони муъмини камбизоат вуҷуд доштанд, ки қудрат ба ҳиҷрат надоштанд. Онҳо ба боргоҳи Худованд истиғфор мекарданд ва ба хотири онҳо бар аҳли Макка азоб нозил нашуд. Дар ҳадис тасдиқкунандаи шарҳи маънои ояти мазкур, бо ривояти Имом Аҳмад ва Ҳоким чунин омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтаанд: “Шайтон гуфт: Қасам ба иззати Ту, ай Парвардигор! Бандагони туро, модоме ки ҷон дар бадан доранд, ҳамеша ба иғво мубтало мекунам.” Парвардигор гуфт: “Қасам ба Иззату Ҷалолам, ҳамеша онҳоро мағфират мекунам, модоме ки онҳо истиғфор гӯянд.”
Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «