Сураи Анкабуд Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анкабуд Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анкабуд Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

الٓمٓ ١

Алиф. Ламм. Мйм. 1.

1. Алиф, Лом, Мим. (маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад.)

Ҳамон тавр ки сураи «Бақара» бо ҳарфҳои муқаттаъа (аз ҳам ҷудо) оғоз шуда буд, сураи «Анкабут» низ бо чунин ҳарфҳо ибтидо шудааст. Дар муқаддимаи сураи «Бақара» сухан аз муттақиён, кофирон ва мунофиқон шуда буд. Дар оғози сураи «Анкабут» низ аз муъминон, кофирон ва мунофиқон сухан ба миён омадааст.

Хулоса, сураи «Анкабут», чун сураи «Бақара» ва сураи «Оли Имрон» ва сураи «Аъроф» бо ҳарфҳои муқаттаъа (аз ҳам ҷудо), ки бар эъҷози Қуръон далолат мекунанд, оғоз шудааст, эзоҳу маъно ва муроди чунин ҳарфҳоро ҳавола ба илми Худованд мекунем. Худованд ба маънои чунин ҳарфҳо худаш донотараст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анкабут / Анкабуд – Тафсири Қуръон
Мақолаи баъдӣСураи Анкабуд Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)