Сураи Анкабуд Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анкабуд Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анкабуд Ояти 2

اَحَسِبَ النَّاسُ اَنۡ يُّتۡرَكُوۡۤا اَنۡ يَّقُوۡلُوۡۤا اٰمَنَّا وَهُمۡ لَا يُفۡتَـنُوۡنَ ٢

Аҳасиба-н-насу ан ютраку ан яқулу аманна ва ҳум ла юфтанун. 2.

2. Оё мардум пиндоштанд, ки ҳамин, ки гӯянд: «Имон овардем» ва онҳо бигзошта шаванд ва имтиҳон карда нашаванд?

Баъди ҳарфҳои муқатаъа, дар ин оят ба озмунҳои Илоҳӣ ишора шуда, дар нахуст Худованд фармудааст, ки мардум мепиндоранд, ки ба ҳамин андозае, ки имони худро изҳор мекунанд ва мегӯянд, ки мо ба ягонагии Худованд имон овардем ва ба рисолати Пайғамбар (с) шоҳидӣ медиҳем (калимаи «Шаҳодат»-ро ба забон мегӯянд), оё дар молу ҷонашон ба ҳоли худ вогузор мешаванду мавриди озмоиши Худованд қарор намегиранд? На! Бандагӣ ин тавр нест. Албатта, бандаи имоноварда бо василаи ҷиҳод, фақр, кам шудани афроди оила, барор нагирифтани корҳо, осебрасидани зироъатҳо ва меваҳо ва касодӣ дар тиҷорат ва дигар мусибатҳо таҳти имтиҳони Парвардигор қарор хоҳад гирифт, ки оё сабр мекунанд ё аз дин бармегарданду забони шиква мекушоянд. Оре! Имон нафақат бо забон гуфтани калима, балки бо дил тасдиқ кардану дар иҷрои масъулиятҳои он сабру таҳаммули фаровоне ба дӯш гирифта низ ҳаст. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки (сахттарин мардум дар ибтило (имтиҳон) анбиё (а) ҳастанд, сипас солеҳон; сипас беҳтарин шахсон, низ мувофиқи мартабаашон…

Хулоса, инсон бинобар андозаи диндории хеш мавриди озмоиш қарор мегирад. Ҳарчи қадар дар дин мустаҳкам бошад, ҳамон қадар имтиҳонаш сангинтар аст. Ногуфта намонад, ки имтиҳон (озмоиш) байни инсонҳо барои кашфи сирру асрори ҳамдигар аст. Аммо озмоишҳои Худованд ин тавр нест. Зеро илми Худованд бар ҳама чиз иҳота дорад. Ин намуд озмоишҳои Илоҳӣ барои парваришу тарбияи истеъдоди бандагон аст. Барои маълумоти бештар ба ояти 157-уми сураи «Бақара» муроҷиъат шавад. Дар ояти зер Худованд хабар додааст, ки суннатҳои Илоҳӣ ин аст, ки умуман инсон мавриди имтиҳон қарор мегирад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анкабуд Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анкабуд Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)