Тафсири Сураи Анкабуд / Анкабут – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анкабуд / Анкабут дар Маккаи мукаррама нозил шуда, сураи 29-уми Қуръон буда, аз 69 оят иборат аст.
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Сабаби «Анкабут» (тортанак), номгузорӣ шудани ин сура дар он аст, ки Худованд дар ояти 41-уми ҳамин сура гуфтааст: «Достони онон, ки ба ғайри Худо чизеро дӯст гирифтаанд, ҳамчу достони «Анкабут» аст, ки бо ғозу торҳои худ гӯё тамоми хонаро фаро гирифтааст, ҳол он ки сустарин хонаҳо, хонаи анкабут аст». Яъне Худованд дар ин оят ибодати бутпарастонро ба ғозу тору хонаи анкабут монанд кардааст, ки аз рӯйи сустӣ чандон маънои хона буданро надорад. Сураи мазкур дар силсилаи сураҳое, ки дар Макка нозил шудаанд, дохил буда, мисли онҳо имону ақидаро муъолиҷа мекунад, байни муъмину мушрик ва байни имону куфр фарқ мегузорад.
Ба ҳаводорони илми Қуръони карим маълум аст, ки Қуръон дар муддати бисту се сол нозил шуд ва сенздаҳ соли он дар Макка гузашт. Дар ин муддат дини навро қабулкардагон (мусалмонон) аз дасти мушрикон бисёр озору азияту шиканҷа медиданд, аммо ба ҳамаи инҳо сабр мекарданд. Дар он асно сураи мазкур нозил шуд, ки барои онҳо бисёр тасаллии хуб буд ва ба дардҳои маънавии онҳо малҳам мегузошт ва гӯё онҳоро табобат мекард. Дар оятҳои аввали ин сура таъкид шудааст, ки имонорандагон, албатта, ба имтиҳонҳои гуногун рӯбарӯ мешаванд. Зеро имон ба гуфтани чанд калимае, ки бо кому забон гуфта мешаванд, кифоя нест, балки муқтазои он дар амал бояд ҷорӣ бошад. Шахсе, ки бо даъво худро муъмину мусалмон меҳисобад, агар имтиҳонот бар сараш оянду бо итминони дил худро аз Ислом барканор гирад, чунин шахс худро мунофиқ ё муртад сохтааст. Чуноне ки сураи мазкур бо таъкид баён кардааст, чунин шахсон дар охират ба азобҳои сахт гирифторанд. Зеро азобу имтиҳонҳое, ки бар сари мусалмон меояд, ин кори нав нест, балки бар сари умматони пайғамбарони гузашта чун Нӯҳ (а), Иброҳим (а), Лут (а), Шуъайб (а) низ омадааст. Сураи мазкур мухтасаран қиссаи онҳоро бо услуби худ баён кардааст. Сипас, аз туғёнгарони қадимӣ чун қавми Од, қавми Самуд, Қорун ва Ҳомон ёдрасон намуда, дар ниҳоя барҳақ будани пайғамбарии Муҳаммад (с)-ро баён мекунад. Сипас, сураи мазкур ишора мекунад, ки касе ба Пайғамбари охирзамон пайрав шавад, чун пайравони пайғамбарони пешин наҷот меёбад, касе пайрав нашавад, ба ҳалокат рӯбарӯ хоҳад шуд ва баъди сари ӯ нишонаҳои баде аз ӯ боқӣ хоҳад монд. Бо баён кардани мукофотҳои касоне, ки дар имтиҳонҳо сабр карданд, оятҳои ин сура ба охир мерасанд.
Хулоса, меҳвари асосии сураи мазкур баёни таклифҳои имони ростин аст. Ин буд мухтасаран назаре ба мундариҷаи сураи «Анкабут».
Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «