Сураи Анъом Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 10

وَلَقَدِ اسْتُهْزِئَ بِرُسُلٍ مِنْ قَبْلِكَ فَحَاقَ بِالَّذِينَ سَخِرُوا مِنْهُمْ مَا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ ١٠

Ва лақадистуҳзиа би русулим мин қаблика фа ҳақа би-л лазӣна сахиру минҳум-м ма кану биҳӣ ястаҳзиун. 10.

10. Ва ҳаройина, пайғамбарони пеш аз ту масхара карда шуданд. Пас, ба ононе ки ришханд заданд, ҷазои он чизе ки ба он истеҳзо мекарданд, иҳота кард.

Баъзе аз муфассирон «вов»-и аввали ин оятро «вов»-и қасам донистаанд. Яъне ба Аллоҳ қасам! Ай пайғамбари мо, барои ҳар уммате, ки пеш аз ту буданд, пайғамбаре фиристодаем ва кофирони саркашӣ бефаҳми он уммат он пайғамбарро масхара кардаанд. Ин бори аввал нест, ҳоло аз қавмат, ки баъзеашон мушриканд, маранҷ ва аз рафтору гуфтори беҳудаи онҳою аз масхараи онҳо озурда машав! Зеро ин одати деринаи кофирон аст. Кофирону мушриконе, ки туро масхара мекунанд бояд донанд, ки бо шахсе ки Аллоҳ ӯро барои ҳидояти мардум ҳамчун пайғамбар фиристодааст, чунин муомила мумкин нест.

Агар ба таърих назар шавад, дида мешавад, ки масхаракунандагони пайғамбарон доимо ба балои масхараи худ гирифтор шудаанд. Агар онҳо бовар надошта бошанд, ба мазмуни ояти зер эътибор диҳанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)