Сураи Анъом Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 9

وَلَوْ جَعَلْنَاهُ مَلَكًا لَجَعَلْنَاهُ رَجُلًا وَلَلَبَسْنَا عَلَيْهِمْ مَا يَلْبِسُونَ ٩

Ва лав ҷаъалнаҳу малака-л ла ҷаъалнаҳу раҷула-в ва ла лабасна ъалайҳим-м ма ялбисун. 9.

9. Ва агар фариштаро расул мегардонидем, ҳаройина, лозим мешуд, ки ӯро ба сурати марде бигардонем ва ҳаройина, мушобеҳ мекардем бар онҳо он чӣ алҳол иштибоҳ мекунанд.

Оре, фиристодани фаришта дар сурати аслӣ барои онҳо имконпазир нест. Зеро Аллоҳтаъоло фариштаҳоро аз нур офаридааст ва майдони тоқати биноиши инсонро маҳдуд сохтааст. Инсонҳо бо ин биноӣ қобилияту қудрати дидани фариштаро надорад. Ибни Аббос (р) ривоят кардааст, ки агар Аллоҳтаъоло фариштаро дар сурати аслиаш мефиристоду ба намоиши онҳо мегузошт, онҳо тоқати дидани онро накарда, тарс саропояшонро фаро мегирифт ва ҳалок мешуданд. Бинобар ин, Худованд пайғамбари ҳар ҷинси махлуқотро барои унс гирифтани онҳо аз ҷинси худашон офаридааст. Дар мазмуни оят омада, ки ҳоло ин саркашон, ки ба пайғамбар будани Расулуллоҳ (с) шубҳа доранд, барои онҳо чӣ фарқ дорад, ки пайғамбар аз кадом ҷинс аст? Агар фариштаеро фиристонем, тоқати онҳоро ба назар гирифта, дар сурати марде ӯро мефиристем, чун ӯро бинанд, ки дар сурати инсоне мисли онҳост, дарҳол шубҳа мекунанду қабул накарда мегӯянд, ки ин ҳам инсон аст-ку. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло ояти зерро ҳамчун тасаллӣ барои Расулуллоҳ (с) нозил намуда дар он фармудааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)