Тафсири Сураи Анъом Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 11
قُلْ سِيرُوا فِي الْأَرْضِ ثُمَّ انْظُرُوا كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُكَذِّبِينَ ١١
Қул сӣру фи-л-арзи сумманзуру кайфа кана ъақибату-л-муказзибӣн. 11.
11. Бигӯ: «Дар Замин сайр кунед, бубинед, ки охири кори дурӯғпиндорандагон чӣ гуна шуд?».
Ояти мазкур барои он мушриконе, ки Расулуллоҳ (с)-ро масхара мекарданд, то онҳо дар пайи амсоли (монандон)-и гузаштаи худ қадам наниҳанд, ҳақро дурӯғ наҳисобанд, то мисли онҳо ё аз онҳо бадтар ба ҳалокат рӯбарӯ нашаванд, ваъид аст. Яъне Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро дар ин оят фармудааст, ки ба он масхаракунандагони худ бигӯ, ки шумо дар рӯйи Замин сайру сафар кунед ва ба он вайронаҳое, ки соҳибҳояшон мисли шумо пайғамбаронро масхара кардаанд, бо назари эътибор нигоҳ кунед, бубинед, ки чӣ гуна диёри онҳоро Аллоҳтаъоло ба харобазор бадал намуда соҳибони онҳоро дар ин дунё ба чӣ азоби дардноке ҳалок сохт ва манзилгоҳи ба харобазор табдилёфтаашонро барои ибратгирандагон ҳамчун нишона боқӣ гузошт?
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «