Сураи Анъом Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 101

بَدِيعُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُ وَلَدٌ وَلَمْ تَكُنْ لَهُ صَاحِبَةٌ ۖ وَخَلَقَ كُلَّ شَيْءٍ ۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ ١٠١

Бадӣъу-с-самавати ва-л-арЗи анна якуну лаҳу валаду-в ва лам таку-л лаҳу соҳибаҳ. Ва халақа кулла шай-и-в ва Ҳува би кулли шай-ин Ъалӣм. 101.

101. Офарандаи осмонҳо ва Замин аст. Чӣ гуна Ӯро фарзанде бошад ва ҳол он ки нест Ӯро ҳеҷ зане? Ва биёфарид ҳар чизро ва Ӯст ба ҳар чиз доно.

Ӯ таъоло чунин Зотест, ки бе нусхаи аввал ва бе аслу модда осмонҳо ва Заминро пайдо намуд. Яъне Аллоҳтаъоло чунон тавоноӣ дорад, ки барои офаридани офаридаҳои Худ мисли инсон ба ягон нусха ё ба моддаи аввал муҳтоҷ нест. Вақто ки Ӯ таъоло чунин Зоти тавоност, чаро ба фарзанд муҳтоҷ бошад ва чӣ гуна фарзанд дошта бошад, ки ҳамсар надорад? Маълум аст, ки фарзанд аз ду чизе, ки бо ҳам алоқа дошта бошанд, пайдо мешавад. Охир Аллоҳтаъоло ба ҳеҷ махлуқ монандӣ надорад ва ҳеҷ чиз ҳам монанди Ӯ нест, пас чӣ гуна ва чӣ чиз фарзанди Аллоҳ бошад? Аллоҳтаъоло дар сураи «Марям», оёти 88-89-ум таъкидан фармудааст, ки ин мушриконанд, ки гуфтаанд Аллоҳ барои Худ фарзанд интихоб намудааст. Бо ин сухану бо ин эътиқодатон бисёр кори зиштеро анҷом додаед.

Хулоса, ба ин гуна суханҳо касоне бовар доранд, ки Қуръону оятҳои онро сухани Худо намедонанд. Дар ҷумлаи охир омадааст, ки ҳама чизро (чи фаришта бошанд ва ё Исо (а) ва ё Узайр (а) Ӯ таъоло офаридааст ва Ӯ ҳама чизро медонад, аммо мушрикон ва амсоли онҳо ҳеҷ чизро намедонанд. Мо имон бар он дорем, ки Аллоҳ таъоло Зотест, ки аз он сифатҳое, ки мушрикон дар шаъни Ӯ донистанд, поку Олист.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)