Тафсири Сураи Анъом Ояти 102 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 102
ذَٰلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ ۖ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ فَاعْبُدُوهُ ۚ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ ١٠٢
Заликумуллоҳу Раббукум ла илаҳа илла Ҳу. Холиқу кулли шай-ин фаъбудуҳ. Ва Ҳува ъала кулли шай-ив Вакӣл.102.
102. Ин аст Аллоҳ Парвардигори шумо, нест ҳеҷ маъбуде ғайри Ӯ. Пайдокунандаи ҳар чиз аст, пас, парастиш кунед Ӯро ва Ӯ бар ҳама чиз вакил (корсоз) аст.
Таъкидан дар ин оят Аллоҳтаъоло ба ваҳдоният ва офаридгории худ ишора намуда гуфтааст, ки Зоте, ки Парвардигори шумост, Зотест, ки на падар дораду на модар ва на ҳамсар. Маъбудест ягона, барҳақ, сазовори парастиш. Офарандаи ҳамаи ашё. Ӯ бе шарик бояд парастиш шавад ва ба ваҳдоният (якка ва ягона бешарик будани)-и Ӯ бояд иқрор шуд. Фақат Ӯст, ки бояд бо тарзи «Ло валада ва ло волида ва ло соҳибата ва ло ъамма ва ло холо ва ло назир Худованд Зотест, ки фарзанд, падару модар, ҳамсару аммаву тағо ва монанд надорад» сифат шавад. Зеро Ӯ таъоло бар ҳама кор қодир ва бар ҳама ашё вакилу корсоз, нигаҳбону ризқдиҳандаву тадбиркунанда ва нозири ҳоли ҳамаи махлуқоти Худ аст. Ва Ӯ таъоло Зотест, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «