Сураи Анъом Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 99

وَهُوَ الَّذِي أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجْنَا بِهِ نَبَاتَ كُلِّ شَيْءٍ فَأَخْرَجْنَا مِنْهُ خَضِرًا نُخْرِجُ مِنْهُ حَبًّا مُتَرَاكِبًا وَمِنَ النَّخْلِ مِنْ طَلْعِهَا قِنْوَانٌ دَانِيَةٌ وَجَنَّاتٍ مِنْ أَعْنَابٍ وَالزَّيْتُونَ وَالرُّمَّانَ مُشْتَبِهًا وَغَيْرَ مُتَشَابِهٍ ۗ انْظُرُوا إِلَىٰ ثَمَرِهِ إِذَا أَثْمَرَ وَيَنْعِهِ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكُمْ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ ٩٩

Ва Ҳува-л-лази анзала мина-с самаи маан фа ахраҷна биҳӣ набата кулли шай-ин фа ахраҷна минҳу хаЗиран-н-нухриҷу минҳу ҳабба-м мутарокиба-в ва мина-н-нахли мин талъиҳа қинванун данияту-в ва ҷаннати-м мин аънаби-в ва-з-зайтуна ва-р-руммана муштабиҳа-в ва ғайра муташабиҳ. Унзуру ила самариҳи иза асмара ва янъиҳ. Инна фӣ заликум ла айати-л лиқавми-й юъминун. 99.

99. Ва Ӯст Зоте, ки аз Осмон обро фуруд овард, пас, берун овардем ба сабаби он об растании ҳар чизро, пас берун овардем аз он сабзаро, аз он сабза донҳои ба якдигар пайвастаро берун меорем. Ва аз шукуфаҳои дарахти хурмо хӯшаҳои хамидаи бо ҳам наздикро (берун овардем) ва аз дарахтони ангур ва зайтун ва анор монанди якдигар ва ғайри монанди якдигар бӯстонҳоро (низ) берун овардем. Ба сӯйи меваи дарахтон чун самар оранд ва ба пухтани он бингаред, албатта, дар ҳамаи онҳо барои гурӯҳе, ки имон доранд, нишонаҳост!

Агар дар маънои оятҳои 95 то ояти 99-ум бо тааммул андеша шавад, чандин нишонаҳои Қудрат, Ҳикмат, Тавонои ва ягонагии Аллоҳ таъоло ба рӯйи мо мусалмонон кушода мешавад.

Инак ояти таҳти назар ҳам яке аз муҳимтарин ва асоситарин неъматҳои аҷоиби Парвардигорро, ки бар Илм, ҳикмат ва қудрати Ӯ далолат мекунад ва метавон онро асоси ҳамаи мавҷудоти зинда донист, ки он об аст, баён мекунад. Ӯ таъоло чунин Зотест, ки аз Осмон оби боронро фуруд овард, ки ба сабаби он ҳама растаниҳои донӣ, дарахтону меваҳо ва ҳамчунин сабзавот ва дигар намуди набототро барои фоидаи инсон офарид. Дар он растаниҳо, донҳои болои ҳам хобидаро, ки дар хӯшаҳо ҷойгиранд ва инчунин дигар чизҳоро, ки ҳама ба манфиати инсонанд, офарид.

Ҳамчунин аз шукуфаҳои дарахтони хурмо хӯшаҳои мевадори онҳоро офарид. Ҳарчанд дарахтон баланд бошанд ҳам баъзе хӯшаҳо хамида ба замин наздиканд ва барои ба даст овардани онҳо машаққате нест. Ҳамчунин Аллоҳтаъоло ба сабаби он об боғҳои ангуру анор ва зайтунро, ки бархе аз онҳо дар рангу ҳаҷм бо ҳам монанданд ва баъзе аз онҳо дар таъму мазза аз ҳамдигар фарқ мекунанд, рӯёнид. Сипас давоми ояти мазкур фарзанди инсонро фармон медиҳад, ки ба марҳалаҳои тайкардаи ин гуна меваҳою растаниҳо дар раванди пухта расидан ба шаклу ранги шукуфаҳо, рангу бӯю таъми гуногуни меваҳо бо дидаи ибрат бингарад ва нек андеша кунад, ки Худои азза ва ҷалла аз як хоки тира ва аз як об чӣ гуна ҳазорҳо навъи меваҳои рангоранг ва гиёҳҳою сабзавотҳои гуногунрангу мухталифбӯйро тақдими инсон намудааст!

Хулоса, он чи бо иҷмол ё бо тафсил дар ин оят зикр шуд, барои аҳли имон нишони он аст, ки Ӯ таъоло падидорандаи ҳамаи ашёст. Чунин мазмунро дар ояти 67-уми сураи «Наҳл» ва ояти 4-уми сураи «Раъд» вохӯрдан мумкин. Хеле таассуфовар аст, ки ҳар лаҳза ғофилон аз канори ин аҷоибот номбурда мегузаранд, аммо дақиқае намеистанд, то дар офаридаҳои Аллоҳтаъоло андеша кунанд. Дареғо, аз китоби умри инсон ҳар рӯз як саҳифа варақ зада мешаваду инсони ғофил аз он саҳифа чизеро фаҳм намекунад ва роҳи дигарро, ки дар он саодати ӯ нест, меҷӯяд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)