Тафсири Сураи Анъом Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 12
قُلْ لِمَنْ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۖ قُلْ لِلَّهِ ۚ كَتَبَ عَلَىٰ نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ ۚ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ لَا رَيْبَ فِيهِ ۚ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ ١٢
Қул-л-ли мам ма фи-с-самавати ва-л-арзи қул лиллаҳ. Катаба ъала нафсиҳи-р-раҳмаҳ. Ла яҷмаъаннакум ила явми-л қийамати ла райба фӣҳ. Ал-лазӣна хасиру анфусаҳум фаҳум ла юъминун.12.
12. Бигӯ: «Он чӣ дар осмонҳо ва Замин аст, аз они кист?». Бигӯ: «Барои Худост, бар Худ меҳрубониро навишт, албатта, шуморо дар рӯзи қиёмат, ҷамъ кунад, ҳеҷ шакке дар он нест. Онон, ки дар ҳаққи хеш зиён карданд, пас онҳо имон намеоранд.
Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, ки ояти мазкур думболаи баҳс бо мушрикон аст, ки дар оятҳои қаблӣ гузашт. Яъне баҳсҳои оятҳои гузашта оид ба тавҳид (яктопарастӣ) буданд. Аммо дар ин оят ишора ба асли тавҳид шуда, аз маъод (бозгашти охир) баҳс мекунад. Бо ибораи дигар, дар ин оят аз рӯзи охират баҳси бештар меояд. Тааҷҷуби кор дар он аст, ки шакли оят бо суолу ҷавоб чунон сурат гирифтааст, ки ҳарду аз як кас содир мешавад. Ба ҳар тақдир ин суол ба тамоми навъи мушрикҳо, хоҳ онҳо бутпарастанду хоҳ говпараст, хоҳ офтобпарасту хоҳ моҳтобпараст ва монанди инҳо дода шуда аст. Яъне Худованд Ҳабиби Худ (с)-ро амр намудааст, ки аз онон (мушрикон) пурс, ки он чи дар Замину осмонҳост, аз они кист? Табиист, ки кофирону мушрикон дар роҳи гумроҳӣ рафтанро одат кардаанд, ба ин суол онҳо аввалан ҷавоб намедиҳанд. Зеро онҳо медонанд, ки соҳиби чунин офаридаҳоро бояд парастиш кард, на ғайри Ӯро. Агар онҳо ба ин суол ҷавоб диҳанд, албатта, мегӯянд, ки ҳама он чи дар осмонҳо ва Замин аст, аз они Аллоҳ аст. Зеро дар табиаташон, хоҳам нахоҳам, чунин ҷавоб ҳаст. Барои бори дигар саркӯб кардану ҳуҷҷат шудан алайҳи онҳо Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) гуфтааст, ки онҳо ҷавоб медиҳанд ё не, бигӯ ҳама ончи дар осмонҳо ва Замин ҳаст, аз они Аллоҳтаъолост. Агар мушрикон ҳам ин суолро диҳанд, бояд гуфт, ки бо эътирофи мо ва худи шумо, ки инро албатта, қоилед, ҳама аз они Худост. Дар натиҷа бо эътирофи ҳама инсонҳо, хоҳ муваҳҳид бошанд хоҳ мушрик, маълум шуд, ки ҳама осмонҳою Замин ва ҳама он чи ки дар онҳост, дар тасарруфи Аллоҳи ягона қарор дорад. Оё чунин Зот қодир нест, ки бар сари мушриконе, ки пайғамбаронро масхара мекунанд, оҷилан (бо зудӣ) азобе фиристад? Оре! Бояд иқрор шуд, ки Ӯ таъоло ба ин қодир аст ва барои Ӯ ҳеҷ душворие надорад. Бояд ваъдаи Ӯ иҷро шавад. Аммо Худованд дар азоб кардани бандагони гунаҳгори худ, агарчи мушрик бошанду пайғамбаронро масхара кунанд ҳам, шитоб намекунад. Балки ба онҳо муҳлат медиҳад, то тавба кунанд. Барои онҳо пайғамбару китобҳо мефиристад, то шунаванду хонанд ва фаҳманд, ки ризои Аллоҳ дар чист. Ин ҳама раҳматест аз раҳматҳои Ӯ таъоло барои бандагони Худ. Барои тасдиқи ин суханҳо дар «Саҳеҳайн» бо ривояти Абӯҳурайра (р) чунин омадааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Он гоҳ, ки Худованд офариниши махлуқоти Худро ба поён расонид, китоберо навишту назди Худ, болои Арш, ниҳод: «Раҳмати ман болои ғазабам ғолиб омадааст».”
Имом Бухорӣ ва Имом Муслим ин ду имоми бузург аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Аллоҳ таъоло раҳмати Худро ба сад қисм тақсим кардааст, 99 қисми ӯро назди худаш гузошта, як қисми ӯро болои Замин фуруд овардааст. Аз туфайли он як раҳмат махлуқот якдигарро раҳму шафқат мекунанд. Ҳатто ҳайвонҳое, ки пойи худро мебардоранд, то ин ки навзоди худро пахш накунанд, ин ҳам қисме аз он як қисми раҳмат аст.”
Дар ҳақиқат Ислом бар ин масъала эътибори зиёд медиҳад. Имом Тирмизӣ аз Амр ибни Ос (р) ривоят мекунад, ки Пайғамбарамон (с) гуфтанд: “Раҳмхӯрандаҳоро Аллоҳтаъоло раҳм мекунад. Он чи дар Замин аст, раҳми онҳоро хӯред, то Зоте, ки дар осмон аст, раҳми шуморо хӯрад.”
Дар ин хусус чи қадар сухан гӯем, кам аст. Худованд дар давоми ин оят суханашро бо қасам ба нафсу бузургии Худ таъкид намуда, фармудааст, ки албатта, дар он рӯзе, ки дар омадани он ҳеҷ шакке нест, шумо аз қабрҳоятон бархезондаву ҷамъ карда мешавед ва мувофиқи қонуни адолати Парвардигор ҷазои амалҳоятонро мебинед. Дар ҷумлаи охири ояти мазкур Аллоҳтаъоло ҳақиқати а
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
ҷиберо барои эътибори бандагони худ пешниҳод намудааст. Яъне Ӯ таъоло гуфтааст, ки оқибати кори мушрикон он аст, ки онҳо дар бозори тиҷорати умри хеш, тамоми сармояи худро арзон фурӯхта, ҳамаро аз даст додаанд. Яъне онҳо ба ҳақ будани рӯзи қиёмат, ки зимни оятҳои мазкур гузашт, бовар намекарданд, имон наоварданд ва аз ҳавли он рӯз натарсиданд. Во аҷабо, дар ин оят чӣ ибрати аҷибу такондиҳандае мавҷуд аст. Дар ин дунё, ки на сармоя боқӣ мемонаду на сармоядор. Гоҳо инсон мол ё мақому вазифа ва сармояи худро аз даст медиҳад ва дар чунин ҳолат агарчи ӯ зиён кардааст, аммо бояд донад, ки онҳо ягон ҷузъи бадани ӯ нестанд ва ин зиён на он қадар бузург аст. Аммо бузургтарин зиёне, ки онро зиёни ҳақиқӣ метавон гуфт, онест, ки инсон бо сабаби гуноҳҳои бузург ҷисму ҷони худро ройгон лоиқи Ҷаҳаннам гардонида аст. Маънои ояти зер ба маънои ояти қаблӣ алоқаманд аст: