Сураи Анъом Ояти 118 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 118 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 118

فَكُلُوا مِمَّا ذُكِرَ اسْمُ اللَّهِ عَلَيْهِ إِنْ كُنْتُمْ بِآيَاتِهِ مُؤْمِنِينَ ١١٨

Фа кулу мим ма зукирасмуллоҳи ъалайҳи ин кунтум би айатиҳӣ муъминӣн.118.

118. Пас, агар ба ҳукмҳои Ӯ имон доред, аз (гӯшти) он ҳайвоне бихӯред, ки дар ҳолати забҳ бар он номи Аллоҳ ёд карда шуд!

Донистани ҳукми истеъмоли гӯшти ҳайвони ҳалол, ки он дар кадом сурат ҳалол аст ва дар кадом сурат ҳаром рукне аз ақидаи мо мусалмонҳост. Оре! Аллоҳтаъоло дар ин оят ба мусалмонҳо дастур медиҳад, ки истеъмолу истифодаи он гӯште барои шумо ҳалол аст, ки аввалан ба ҳалол будани он ҳайвон шариъат ҳукм карда бошад ва сониян дар ҳолати забҳи он марди мусалмон номи Аллоҳ , яъне «Бисмиллоҳи Аллоҳу Акбар»-ро зикр карда бошад. Зеро Худованд гуфааст, ки агар ба ҳукмҳои ман муъмин бошед, гӯшти ҳайвонҳои (ҳалолро), ки бо бисмиллоҳ забҳ шудаанд, тановул кунед, на ғайри онро.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 117 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 119 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)