Тафсири Сураи Анъом Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 13
۞ وَلَهُ مَا سَكَنَ فِي اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ ۚ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ ١٣
۞ Ва лаҳу ма сакана фи-л-лайли ва-н-наҳар. Ва Ҳува-с-Самӣъу-л-Ъалӣм. 13.
13. Ва мар Ӯрост он чӣ сокин шуд дар шабу рӯз ва Ӯст шунавову доно».
Яъне ҳама чизҳое, ки дар шабу рӯз ороманд, аз они Ҳақтаъолоанд. Дар ҳақиқат, агар тарзи мавҷудияти ашёи олами ҳастӣ мулоҳиза карда шавад, маълум мешавад, ки баъзе ашё ҳама вақт чун ҷимодот (ашёи беҷон) дар ҳолати ороманд. Баъзе ашё дар шаб ороманд, баъзеи дигар дар рӯз. Умуман соҳибу офарандаи ҳама олами ҳастӣ Аллоҳтаъолост. Ҳеҷ чиз худ ба худ пайдо нашудаву ҳеҷ чиз аз илми Ӯ таъоло пинҳон ҳам намондааст. Ба ҳамин далел дар охири ояти мазкур омадааст, ки Ӯ таъоло шунавою доност. Оре, Аллоҳтаъоло суханҳои бандагони Худро шунаванда ва аҳволи онҳоро донанда аст.
Хулоса, ҳар чизе, ки ҷисм аст, аз ҳаракат ё сукунат (оромӣ) холӣ нест. Он чи ки аз ҳаракат ё сукунат холӣ нест, ӯ азалӣ нест, ҳар чизе, ки азалӣ нест, ӯ ҳодис (пайдошуда) аст, ҳарчи ҳодис бошад, ӯ қадим нест ва ҳарчи қадим нест, эҳтиёҷ ба Офаридагор дорад. Маълум мешавад, ки Офаридагори ҳама мавҷудоту махлуқот, Аллоҳи ягона аст. Оё Зотеро, ки дорои чунин сифатҳост, дӯст нагирифта, чуноне ки дар ояти зер баён мешавад, дигареро дӯсту ёвар гирифта шавад, аз рӯи инсоф аст?
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «