Тафсири Сураи Анъом Ояти 133 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 133
وَرَبُّكَ الْغَنِيُّ ذُو الرَّحْمَةِ ۚ إِنْ يَشَأْ يُذْهِبْكُمْ وَيَسْتَخْلِفْ مِنْ بَعْدِكُمْ مَا يَشَاءُ كَمَا أَنْشَأَكُمْ مِنْ ذُرِّيَّةِ قَوْمٍ آخَرِينَ ١٣٣
Ва Раббука-л-Ғанийю зу-р-раҳмаҳ. Ий йашаъ юзҳибкум ва ястахлиф мин баъдикум-м ма яшау кама аншаакумм мин зуррийяти қавмин ахарӣн. 133.
133. Ва Парвардигори ту бениёзу соҳибраҳмат аст, агар бихоҳад, шуморо бибарад ва баъди шумо ҳар киро бихоҳад, ҷойнишин месозад, чуноне ки шуморо аз насли қавми дигар пайдо кард.
Аллоҳтаъоло барои ҳидояти мардум пайғамбарони худро фиристод ва ҳуҷҷатҳои худро бар онҳо тамом сохт. Агар шумо бо вуҷуде ки ба Аллоҳи бениёз муҳтоҷед, амру наҳйи Ӯро қабул накунед ва ба роҳи фармудаи Ӯ наравед, Ӯ таъоло ба шумо ҳеҷ ҳоҷате надорад. Ибодат ё маъсият (гуноҳ) кунед, ба Ӯ на зараре мерасаду на фоида ва на мулки Ӯ зиёд мешаваду на кам. Бо вуҷуди ин раҳмати Аллоҳтаъоло бисёр васеъ аст, бо ин қадар нофармониҳое, ки аз шумо содир мешавад, шуморо зулму ситам намекунад, ҳар чизи баде, ки бар сари шумо меояд, натиҷаи амалҳои бади шумост. Шумо бо ин қадар хилофкориатон дар рӯйи Замин гаштугузор кунед ҳам, Ӯ таъоло дар интиқоми шумо шитоб намекунад. Агар Ӯ инро мехост, шуморо мисли қавми Нӯҳ (а) бо воситаи азобҳои шадид решакан месохт. Агар мехост, шуморо чунон аз байн мебурд, ки дигар ному нишонатон боқӣ намемонд. Тавре шуморо ба дунё овард, ҳамин тавр дар як лаҳза несту нобуд месохт ва ба ҷойи шумо бо иродаи Худ қавми дигареро (ҷойнишин) меовард, ки онҳо дар ибодати Аллоҳтаъоло нисбат ба шумо беҳтар талош мекарданд.
Ҳамин мазмун дар ояти 38-уми сураи «Муҳаммад (с)» низ ба чашм мерасад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «