Сураи Анъом Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 14

قُلْ أَغَيْرَ اللَّهِ أَتَّخِذُ وَلِيًّا فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَهُوَ يُطْعِمُ وَلَا يُطْعَمُ ۗ قُلْ إِنِّي أُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ أَوَّلَ مَنْ أَسْلَمَ ۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ الْمُشْرِكِينَ ١٤

Қул ағайраллоҳи аттахизу валийян Фатири-с-самавати ва-л-арзи ва Ҳува ютъиму ва ла ютъам. Қул инни умирту ан акуна аввала ман аслама ва ла такунанна мина-л-мушрикӣн. 14.

14. Бигӯ: «Оё ғайри Аллоҳро мададгор гирам, ки ӯ пайдокунандаи осмонҳо ва Замин асту дар ҳоле ки Ӯ ҳамаро ризқ медиҳад ва (Ӯро) ризқ дода намешавад?». Бигӯ: «Ҳаройина, маро амр карда шудааст, ки аввалин касе бошам, ки ба ҳукми Аллоҳ таслим шуда бошам ва (фармуда шуд маро, ки) ҳаргиз аз ҷумлаи мушрикон мабош!».

Аллоҳтаъоло банда ва Расули Худ, Муҳаммад (с)-ро барои он фиристодааст, ки мардумро ба роҳи рост даъват кунад. Дар ин оят ҳам ӯ (с)-ро фармудааст, ки ай пайғамбари мо, ба он мушрикони ҷоҳиле, ки туро бо воситаи пулу мол ба сӯйи парастиши бутҳои худ даъват мекунанд, бигӯ, ки оё мутобиқи хоҳиши шумо ибодати Худоеро, ки холиқи осмонҳо ва Замин аст, як сӯ гузошта, дигареро дӯст гираму парастиш кунам? На! Шумо умеди худро аз ман канед. Ман ба ғайри Аллоҳи ягона ва бешарик, дигареро ҳаргиз намепарастам. Худои ман чунин Зотест, ки махлуқоти худро рӯзӣ медиҳад ва Худ ба рӯзӣ ниёз надорад ва мӯҳтоҷи махлуқоти хеш нест. Танҳо чунин Зот шоистаи парастиши ману шумост, на ғайри Ӯ !

Бори дигар Аллоҳтаъоло дар давоми ояти мазкур Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки ҳоло, ки ту дӯстӣ ва роҳбарии ғайри моро инкор намудӣ, ба онҳо бигӯ, ки ман аз тарафи Аллоҳи ягона маъмур шудаам, ки аз байни уммати худ аввалин нафаре бошам, ки ба ҳама амрҳои Аллоҳтаъоло таслим бошад. Ҳамчунин ба ман амр шудааст, ки ҳеҷ вақт, ҳатто ба андозаи сари мӯй ҳам аз ҷумлаи мушрикон набошам. Дар ҳиқиқат Расулуллоҳ (с) дар чунин сифат буданд.

Ба ҳар ҳол, аз мазмуни ин оят исботи ҳама паҳлуҳои тавҳид ва мубориза алайҳи ҳама навъи ширк ошкоро маълум гардид. Мушрикон агарчанде офариниши ҷаҳон (осмонҳою Замин)-ро махсус ба зоти Худовандӣ донанд ҳам, локин бутҳоро шарики Худо ва восита байни инсону Худо интихоб кардаанд, ки ин гуна диндорӣ ва эътиқод фосид аст.

Хулоса, инсони заиф чӣ далел дорад, ки ғайри Ӯро дӯст мегирад? Ояти зер, валлоҳу аълам, давоми ояти болост:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)