Сураи Анъом Ояти 153 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 153 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 153

وَأَنَّ هَٰذَا صِرَاطِي مُسْتَقِيمًا فَاتَّبِعُوهُ ۖ وَلَا تَتَّبِعُوا السُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمْ عَنْ سَبِيلِهِ ۚ ذَٰلِكُمْ وَصَّاكُمْ بِهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ ١٥٣

Ва анна ҳаза сиротӣ мустақӣман фа-т-табиъуҳу ва ла таттабиъу-с-субула фа тафаррақа бикум ъан сабӣлиҳ. заликум вассокум биҳӣ лаъаллакум таттақун. 153.

153. Ва ин роҳи рост роҳи Ман аст, пас, онро пайравӣ кунед ва роҳи дигарро пайравӣ макунед, ки (ин роҳҳо) шуморо аз роҳи Худо ҷудо гардонанд! Ин аст, он чӣ ки Аллоҳ шуморо ба он васият (ҳукм) мекунад, то шояд шумо парҳезгорӣ кунед».

Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки ин аст он дини росту дурусте, ки барои шумо шариъат гардонида шуд.

Акнун ба он чанг занед, он шуморо ба сарманзили ризои Аллоҳтаъоло мерасонад. Роҳи дуруст ҳамин аст, ҳамин дину ҳамин роҳро тобеъ шавед, ба дигар роҳҳо ё ба дигар динҳо тобеъ шудан хатост, зеро онҳо шуморо тафриқа ва пароканда месозанд ва аз роҳи ҳидояти Парвардигор дур мекунанд. Дар охир ба иҷрои фармоишоти ин оят ишора намуда гуфтааст, ки ин аст, ки Худованд шуморо супориш дода васият намуд, то шояд (бошад), ки шумо шахсони парҳезгор бошед ва аз хоҳишоти ҳавову ҳавас парҳез кунед.

Акнун ин ҷо овардани чанд ҳадисро дар робита ба равшан сохтани маънои ояти мазкур ба маврид медонем. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р) аз Абдуллоҳ Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд: Рӯзе Расулуллоҳ (с) бо дасти худ дар Замин як хати ростеро кашиданд ва гуфтанд, ки “Ин роҳи росту мустақим роҳи Худост.” Баъдан аз ҷониби чапи ӯ хатчаҳо кашиданд ва гуфтанд, ки “Барои фаро хондани мардум дар сари ҳар кадоми ин роҳчаҳо шайтоне ҳаст. Локин ин роҳи рост роҳи ман аст, пас роҳи Аллоҳро тобеъ шавед ва тобеъи дигар роҳҳо машавед, то он роҳҳо шуморо гумроҳ насозанд.” Пас Расули Аллоҳ барои тасдиқ ва таъкиди суханашон ояти мазкурро тиловат намуданд.

Ҳамчунин Тирмизӣ ва Имом Аҳмад ва Насоӣ бо овардани ровиҳои хеле зиёд аз Расулуллоҳ (с) ин ҳадисро ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Аллоҳтаъоло роҳи ростро мисол оварда гуфтааст, ки ана ин роҳи рост аст ва аз ду тарафи он роҳ девори баланди соҳиби дарҳои кушода ва пардаҳои овезон, назди сари роҳи рост хонандае (даъваткунандае) ҳаст, ки мегӯяд: Ай мардум, ҳамаи шумо бе ягон ихтилоф дар ин роҳи рост дароеду тафриқабозӣ накунед! Болои он роҳи рост инчунин хонандае низ ҳаст, ки чун инсон хоҳад даре аз дарҳои тарафи росту чапи роҳи ростро кушояд, ба ӯ мегӯяд: Вой бар ту, накушо! Агар кушоӣ албатта, дохили он мешавӣ! Бидон, ки он роҳи рост Ислом аст ва он ду деворӣ баланд ҳудудҳои муайянкардаи Парвардигор аст ва он дарҳои кушодаи пардадор ҳаромкардаҳои Ӯст ва хонандаи (даъваткунандаи) сари роҳи рост китоби Худост, хонандаи (даъваткунандае) болои роҳи рост истода воъизи Аллоҳтаъолост, ки ӯ дар дили ҳар бандаи мусалмонат аст.”

Аз Убода ибни Сомит (р) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) ин се оят (151-152-153)-ро тиловат намуд ва чун аз тиловати ин се оят фориғ шуданд, фармуданд: “Бо истифода аз (даҳ) аҳкоми ин се оят ва иҷрои онҳо кадоми шумо ба ман даст дода байъат мекунед? Ҳар касе ба инҳо вафо кунад, Аллоҳ подоши ӯро медиҳад. Ва агар ҳар касе аз онҳо чизеро кам кунаду Худои таъоло ӯро дар ҳамин дунё ба ҷазо кашад, ин ҷазои ӯст. Ва агар Аллоҳ ҷазои ҳар касеро, ки ба охират таъхир кунад, хоҳад дар қиёмат ҷазояш медиҳад ва агар хоҳад, аз гуноҳи ӯ дар мегузарад.”

Хулоса, ба ин мазмун ояту ҳадисҳо бисёр аст. Аз он ҷумла, ояти 257-уми сураи «Бақара» мазмуни ин оятро таъкид менамояд. Роҳи росту дурусту мустақим, чуноне ки ояти зер ишора мекунад, ба дигар пайғамбарҳо ва ба умматҳои онҳо, аз он ҷумла, чуноне ки ояти зер ишора дорад, ба Мӯсо (а) низ таклиф шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 152 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 154 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)