Тафсири Сураи Анъом Ояти 152 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 152
وَلَا تَقْرَبُوا مَالَ الْيَتِيمِ إِلَّا بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ حَتَّىٰ يَبْلُغَ أَشُدَّهُ ۖ وَأَوْفُوا الْكَيْلَ وَالْمِيزَانَ بِالْقِسْطِ ۖ لَا نُكَلِّفُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا ۖ وَإِذَا قُلْتُمْ فَاعْدِلُوا وَلَوْ كَانَ ذَا قُرْبَىٰ ۖ وَبِعَهْدِ اللَّهِ أَوْفُوا ۚ ذَٰلِكُمْ وَصَّاكُمْ بِهِ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ ١٥٢
Ва ла тақрабу мала-л-ятӣми илла би-л-латӣ ҳия аҳсану ҳатта яблуға ашуддаҳ. Ва авфу-л-кайла ва-л-мӣзана би-л-қист. Ла нукаллифу нафсан илла вусъаҳа. Ва иза қултум фаъдилу ва лав кана за қурба ва би ъаҳдиллаҳи авфу. заликум ва-с-сокум биҳӣ лаъаллакум тазаккарун. 152.
152. Моли ятимро наздик машавед, магар бо он шевае ки некӯтар аст, то он ки ба балоғат расад ва паймона ва тарозуро бо адолат бипаймоед. Ҳеҷ касро Мо таклиф намекунем, магар миқдори тоқати ӯ. Ва чун сухан гӯед, пас, инсофро риоя кунед, агарчи маҳкумшуда наздикон(-и шумо) бошад! Ва ба аҳди Аллоҳ вафо кунед! Ин аст, он чӣ Аллоҳ шуморо супориш карда аст, то шояд шумо пандпазир шавед!
Аллоҳтаъоло дар ин оят, чуноне ки дар ояти 10-уми сураи “Нисо” гузашт, хӯрдани моли ятимро наҳй намудааст. Дар ҷузъи истиснои ин оят Ӯ таъоло мефармояд: «магар бо роҳҳои дуруст». Ибни Аббос (р) гуфта, ки чун ин ду оят нозил шуд, асҳоб рафтанду молҳо ва таому шаробе, ки аз ҳиссаи ятимон наздашон буд, ҷудо сохтанд. Гоҳо мешуд, ки таомеро, ки аз моли ятим барои худи ӯ омода месохтанд, вай табъи дил тановул мекард ва қисме аз он боқӣ мемонд. Касе аз рӯйи тақво боқии вайро намехӯрд. Хулоса, таоми боқимонда фосид ва исроф мешуд. Барои парасторони ятимҳо ин гуна амалҳо машаққат шуд ва ин қазияро назди Расулуллоҳ (с) нақл карданд. Ҳамоно буд, ки Аллоҳтаъоло барои кушоиши мушкилоти онҳо ояти 220-уми сураи «Бақара»-ро, ки маънои он ба мазмуни ин оят рост меояд, нозил намуд ва онҳо аз ин бори вазнин сабукдӯш шуданд. Яъне Аллоҳтаъоло барои чунин шахсон гуфт, ки ай Муҳаммад (с), асҳоб аз муомила бо ятимҳо аз ту мепурсанд, барои онҳо гӯй, ки ба салоҳ овардани кори онҳо барои шумо беҳтар аст. Яъне агар моли онҳоро бо моли худатон бе сӯйиистифода омехта кунед, ин дуруст аст, зеро онҳо низ бародарони шумоянд, Аллоҳтаъоло кӣ фасодкор аст ва ки салоҳкор медонад.
Хулоса, бо ваҳй шудани ин оят Расулуллоҳ (с) ба онҳо (яъне, парасторони ятимон) гуфт, ки таоми онҳоро бо таоматон ва шаробашонро бо шаробатон якҷоя кунед, ҳам барои онҳо ва ҳам барои худатон (то ин ки исроф нашавад) кор фармоед, беҳтар аст. Ҳукми дигар ин аст, ки то ятим ба балоғат нарасад, соҳиби ақлу фаросат нашавад ва хариду фурӯшро аз худ накунад, Аллоҳтаъоло ба ӯ супоридани молашро наҳй (манъ) намудааст. Ин буд супориши аввал.
Аллоҳтаъоло дар ояти 1-уми сураи «Мутаффифин» ваъид (ваъдаи ҷазо) намудааст: «Вой бар паймонкунандагон». Дар супориши дуввуми ояти таҳти назар ин ваъидро таъкид намуда фармудааст, ки чун чизеро бо паймона ё бо вазн мефурӯшед ё мегиред ва ё қарз медиҳед, баробарию адлро пеша кунед. Зеро Худованд мардуми пешинаро ба сабаби он, ки дар паймона ва вазн фиреб дода, мардумро зиён расониданд, ҳалок гардонидааст. Бори дигар ҷузъи ояти 286-уми сураи «Бақара»-ро дар ин оят таъкид намуда фармудааст, ки ҳеҷ касро ҷуз ба қадри тавоногияш таклиф намекунем. Яъне дар тамоми таклифҳои шаръӣ, аз он ҷумла дар адо кардани ҳаққи ҳамдигар ё гирифтани ҳаққи худ бо паймона ё бо тарозу, чуноне ки дар ояти 85-уми сураи «Ҳуд», ояти 47-уми сураи «Анбиё», ояти 25-уми сураи «Ҳадид», ояти 35-уми сураи «Исро», ояти 182-уми сураи «Шуъаро» ва ояти 9-уми сураи «Раҳмон» омадааст, банда бояд ба қадри тоқаташ кӯшиш ба харҷ диҳад. Дар ҳолате, ки инсон тамоми кӯшишҳо ва чораҳо бо нияти нек ба роҳ монд, аммо баъди аз амал фориғ шудан маълум гардид, ки ба баъзе хатоҳо роҳ дода шудааст, аз сабаби он, ки дар нияташ фиреб додан набуд, барои ӯ ҳеҷ ҳараҷе нест. Зеро дурустии нияти ӯро Аллоҳтаъоло медонад.
Дар супориши севум Аллоҳтаъоло бандагони Худро фармудааст, ки шумо дар коре қазоват мекунед ё шоҳидӣ медиҳед ё ботил будани суханеро ривоят мекунед ва ё ба хотири айбе, ки шоҳидон доранд, ҳақиқатро ошкор намуда, бар зидди онҳо гувоҳӣ медиҳед, агарчи ин гуна шоҳидӣ додани шумо алайҳи худатон ва ё хешонвандонатон бош
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
ад ҳам, адлу инсофро риоя карда, сухани ростро гӯед. Зеро Аллоҳтаъоло дар кадом макон ва ё дар кадом ҳоле набошад, барои ҳама бандагони Худ боадл буданро амр намудааст. Чунин мазмун дар ояти 135-уми сураи «Нисо» низ гузашт. Оре! Инсон бояд дар ҳама сурат савобҷӯ бошад. Лизо ба хотири риояи хешу таборӣ ё бо ангезаи бегонагӣ касеро ноҳақ тарафдорӣ накунад ва ё таасубро ҳаргиз пешаи худ насозад. Мувофиқ ба адлу инсоф ҳукм кунад. Дурӯғ гуфтану ба ноҳақ шоҳидӣ додан ё адлро зери по ниҳодан, ин гуна амалҳо таҳти ояти қаблӣ, ки ҳаромҳоро баён намуд, дохил аст.
Дар ҷумлаи чаҳоруми ояти мазкур Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ба он аҳде, ки ба Аллоҳ додаед, вафо кунед! Муфассирон, мисли Ибни Ҷарир ин ҷумларо чунин тафсир намуданд: “Инсоне, ки худро бандаи Аллоҳ мешуморад, бояд ба аҳди додааш вафо кунад. Хусусан дар нахуст аҳди шахси мусалмон ин аст, ки амри Парвардигорро итоат кунад ва аз ҳарчи, ки ӯро наҳй кардааст худдорӣ намояд, ба китобу ба суннати Расули Ӯ таъоло амал созад. Ин аст вафо кардан ба аҳде, ки бо Аллоҳ бастааст.”
Қуртубӣ гуфтааст, ки мазмуни ояти мазкур ом буда, аҳдеро, ки ду инсон бо ҳам мебанданд, онро низ дар бар мегирад. Яъне ҳар аҳде, ки байни ҳамдигар баста мешавад, бе узр шикастани он корест хилофи шариъат ва таҳти чизҳои ҳаром ҳукмкардаҳои Аллоҳтаъоло дохил аст.
Дар охир Аллоҳтаъоло ба он панҷ амре, ки дар ояти қаблӣ ва ин чаҳор амре, ки дар ояти таҳти назар зикр шуд, ишора намуда, фармудааст, ки ба иҷрои ҳамаи онҳо шуморо Аллоҳтаъоло таъкидан васият ва супориш кардааст, бошад, ки шумо панд гиред ва аз он чи ки Аллоҳтаъоло наҳй намудааст, худро боз доред.