Тафсири Сураи Анъом Ояти 154 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 154
ثُمَّ آتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ تَمَامًا عَلَى الَّذِي أَحْسَنَ وَتَفْصِيلًا لِكُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لَعَلَّهُمْ بِلِقَاءِ رَبِّهِمْ يُؤْمِنُونَ ١٥٤
Сумма атайна Муса-л-китаба тамаман ъала-л-лази аҳсана ва тафсӣла-л ли кулли шай-ив ва ҳуда-в ва раҳмата-л лаъаллаҳум би лиқаи Раббиҳим юъминун. 154.
154. Сипас, ба Мӯсо китоб додем, то бар ҳар касе, ки некӯкор буд, неъмати Худро тамом кунем ва то ҳар чизеро баён кунем ва (низ) барои ҳидоят ва меҳрубонӣ, то шояд онҳо ба мулоқоти Парвардигори хеш имон оранд.
Дар ин оят Аллоҳтаъоло ӯ (с)-ро фармудааст, ки бори дигар аз ҷониби Мо ба он мушрикон гӯй, ки Парвардигор хабар додааст, ки Мо қабл аз нузули Қуръон ба Мӯсо (а) низ китоби осмонӣ, яъне Тавротро бо шеваи некӯ, бо мақсади он, ки неъмати худро бар ӯ (а) ва касоне, ки накӯкору пойбанди тоати мо буданд, пурра гардонем, нозил намудем. Яъне ба ҳар чизе, ки шариъати Мӯсо (а) эҳтиёҷ дошт, Таврот комилан ҷомеъу пурра фаслкунанда буд.
Зимнан маълум мешавад, ки аз Одам (а) сар карда, то ба дигар силсилаи пайғамбарони авлоди ӯ (а), яъне ба ҳами онҳо бо мақсади дуруст ба роҳ мондани рисолаташон Аллоҳтаъоло китоб ё ин ки ваҳйи худро фиристодааст. Ба шариъати охирин (яъне шариъати Муҳаммад (с) аз ҳама наздиктар ин шаръиати Мӯсо (а) ва китоби ӯ (а) Таврот буд, ки баъзе мақсадҳои дар Таврот зикршуда ин ҷо низ баён шуд.
Оре! Нузули Таврот дар ҳудуди асри худ барои мардум ҳамчу нуру раҳмати Парвардигор буд. Он ҳукмҳое, ки дар оятҳои Қуръон мавҷуданд, дар шариати тамоми пайғамбарони гузашта бо тағиротҳои ҷузъи ҷой доштанд ва ба сабаби ингуна ҳукмҳо дарҳои ҳидояту раҳмати Парвардигор кушода гардид, то ин, ки мардум бо амал ба ин ҳукмҳо ба мулоқоти Парвардигор имони комил ҳосил кунанд.
Хулоса он аст, ки ҳамеша ҳукмҳои китоби илоҳӣ ҳамроҳи инсон бояд дар амал ҷорӣ бошанд. Зеро ягона наҷоти башар ин ба ҳукми китобҳои илоҳӣ амал кардан аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «