Сураи Анъом Ояти 155 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 155 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 155

وَهَٰذَا كِتَابٌ أَنْزَلْنَاهُ مُبَارَكٌ فَاتَّبِعُوهُ وَاتَّقُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ ١٥٥

Ва ҳаза китабун анзалнаҳу мубаракун фа-т-табиъуҳу ва-т-тақу лаъаллакум турҳамун. 155.

155. Ва ин (Қуръон) Китобе аст, бобаракат, ки онро фурӯ фиристодем, пас, онро пайравӣ кунед ва парҳезгорӣ кунед, то шояд бар шумо меҳрубонӣ карда шавад.

Аллоҳтаъоло дар ин оят дар шаъни Қуръон гуфтааст, ки ин китоб (Қуръон)-е, ки бар Муҳаммад (с) фиристодем, сифатҳои хубро дар бар гирифтааст ва ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират шаъни бузург дораду бисёр бобаракат аст ва манфиатҳои динию дунявии инсонро таъмин мекунад. Оре! Ин ҳақиқатро шахсе дарк мекунад, ки мусалмон асту бо Қуръони карим алоқаи хуб дорад.

Дар ҷумлаи дувум фармудааст, ки касе аз зиндагонии дунё баракати ҳарду дунёро хоста бошад, пас бояд, ки тобеи Қуръон шавад. Ба ғайри Қуръон ба дигар китоб ё ба дигар қонун тобеъ шудан ҳеҷ баракате надорад.

Ба ғайри Қуръон дигар китобҳо ва ё қонунҳои аз тарафи инсонҳо ихтироъшуда, инсониятро ба мақсади ниҳоии дунёӣ ва охират расонида наметавонанд. Вақто ки инсон тобеи Қуръон шуд, бояд парҳезгору Худотарс (батақво) бошад. Зеро бе тақво ба дастуроти Қуръон тобеъ шудан аз тасаввур берун аст. Натиҷа он аст, ки агар шахсе ба ҳукми оятҳои Қуръон мухолифат накунад, балки онҳоро пазируфта дурӯғ наҳисобад ва ба онҳо амал кунад, иншоаллоҳ, мавриди раҳмати Парвардигор қарор мегирад. Зеро ваъдаи Худованд аст, ки ҳарчанд инсон дар фурӯтарин чоҳҳои залолат фурӯ рафта бошад, пас хоҳад, ки ба рӯшноии ҳидоят боло шавад, ягона ресмони мустаҳкаму бовариноке, ки ба он чанг зада ба мақсади худ мерасад, ин ресмони Қуръон аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 154 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 156 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)