Тафсири Сураи Анъом Ояти 163 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 163
لَا شَرِيكَ لَهُ ۖ وَبِذَٰلِكَ أُمِرْتُ وَأَنَا أَوَّلُ الْمُسْلِمِينَ ١٦٣
Ла шарӣка лаҳ. Ва би залика умирту ва ана аввалу-л-муслимӣн.163.
163. Ӯро ҳеҷ шарике нест ва ба ҳамин гуна (тавҳид) маъмур (фармуда) шудаам ва ман нахустин мусалмонам».
Дар ин оятҳо Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро фармудааст, ки ба он мушрикҳое, ки ғайри Аллоҳро мепарастанд ва ба ғайри номи Ӯ ҳайвонеро забҳ мекунанд, бигӯ, ки ман на танҳо аз рӯйи ақида яктопараст ҳастам, балки аз рӯйи амал низ ҳар кори некеро, ки анҷом диҳам, онро хилофи шумо иҷро мекунам. Яъне ҳама намуд ибодатҳои ман, намозҳои ман ҳаҷ, рӯза, закот ва ҳатто он ҳайвонеро, ки қурбонӣ мекунам, инчунин ҳаёт ва мамоти ман ва илова бо ин ҳар амали хайреро, ки дар зиндагии худ иҷро мекунам ё ин ки васият мекунам , ки баъди ман садақот диҳанду бо ин роҳ ба сӯйи Парвардигор наздик шаванд, ҳама ва ҳама ба хотири ризои Парвардигори ҷаҳониён аст. Барои Ӯ зиндаам ва ба хотири Ӯ мемирам. Дар роҳи Ӯ ҳарчи дорам, фидо мекунам. Тамоми ҳадафу ишқу ҳастии ман Ӯст. Холиқи ман чунин Зотест, ки ҳеҷ шарик ва ҳамтое Ӯро нест. Ҳеҷ чизро дар дуо,намоз ва дар ҳаёту мамоти худ дар баробари Ӯ гузошта, шарик намеҳисобам. Зеро бо ҳамин гуна роҳу равиш аз сӯйи Парвардигорам фармон шудаам, ки дар ихлосу ибодат нахустин мусалмони уммати худ бошам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «