Сураи Анъом Ояти 164 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 164 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 164

قُلْ أَغَيْرَ اللَّهِ أَبْغِي رَبًّا وَهُوَ رَبُّ كُلِّ شَيْءٍ ۚ وَلَا تَكْسِبُ كُلُّ نَفْسٍ إِلَّا عَلَيْهَا ۚ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ ۚ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّكُمْ مَرْجِعُكُمْ فَيُنَبِّئُكُمْ بِمَا كُنْتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ ١٦٤

Қул а-ғайраллоҳи абғӣ Рабба-в ва Ҳува Раббу кулли шайъ. Ва ла таксибу куллу нафсин илла ъалайҳа. Ва ла тазиру вазирату-в визра ухро. Сумма ила Раббикум-м марҷиъукум фа юнаббиукум би ма кунтум фӣҳи тахталифун.164.

164. Бигӯ: «Оё ғайри Аллоҳ Парвардигоре талабам? ва ҳол он ки Ӯ Парвардигори ҳама чиз аст. Ва чуз барои худ ҳеҷ кас амал намекунад ва ҳеҷ бардорандае бори дигареро набардорад. Боз ба сӯйи Парвардигор аст, бозгашти шумо, пас, шуморо ба он чи ки дар он ихтилоф мекардед хабардор кунад».

Вақте ки мушрикон Расулуллоҳ (с)-ро ба сӯйи ибодати бутҳояшон даъват намуданд, Аллоҳтаъоло дар ин оят мушриконро мавриди дилкӯбӣ ва сарзаниши онҳо қарор дода фармуд, ки ай Муҳаммад (с), дар ибодати худ боихлос бошу ба Худои худ таваккал намуда, ба он мушриконе, ки туро ба ибодати бутҳояшон даъват доранд бигӯ, эй мушрикон, Холиқу Парвардигори ҳамаи ашё Ӯст, оё ғайри Аллоҳ Парвардигори дигареро биҷӯяму мисли шумо дар баробари Ӯ чизеро шарик қарор диҳам? Чӣ гуна лоиқу сазовор аст, ки маро ба ибодати он чизеро, мехонед, ки он низ мисли ман махлуқ (офаридашуда) аст? Оё чизе, ки қудрати расонидани нафъу зиёнро надорад, худои худ интихоб кунам? Дар давоми оят ҷавоби онҳо чунин омадааст, ки ҳар касе кори бадеро касб кунад, бар зарари худи ӯст. Яъне раваду Худо нохоста, бил фарз, тобеи дини шумо шавам, ман гуноҳи калонеро касб кардаам, барои худ зиёнкор шудам, ин гуноҳро худи ман мебардорам ва ҳеҷ кас бори гуноҳи касеро бар дӯши худ бардошта наметавонад. Муқаррар аст, ки бозгашти ҳама, хоҳ муъминанд ва хоҳ кофир, муваҳҳиданд ва ё мушрик, ба сӯйи Парвардигор аст. Ҳар кас ҷавоби худашро худаш мегӯяд. Вақто ки чунин аст, ба ғайри Аллоҳ чизи дигареро Худо ҳисобидан ин ҳимоқат аст. Шумо мегӯед, ки мо гуноҳи туро мебардорем, ин сухани шумо дурӯғ аст. Аз ҳақиқати ҳамаи ин ихтилофҳое, ки шумо меандозед, Аллоҳтаъоло рӯзи қиёмат як-як шуморо хабар медиҳад. Дар он рӯз дигар чӣ кор карда метавонед? Оёти 25-26-уми сураи «Сабо» чунин мазмунро таъкид мекунад.

Барои чӣ Аллоҳтаъолоро Парвардигорам гуфтан лозим? Ба ин савол ояти зер, иншоаллоҳ ҷавоб медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 163 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 165 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)