Тафсири Сураи Анъом Ояти 165 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 165
وَهُوَ الَّذِي جَعَلَكُمْ خَلَائِفَ الْأَرْضِ وَرَفَعَ بَعْضَكُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِيَبْلُوَكُمْ فِي مَا آتَاكُمْ ۗ إِنَّ رَبَّكَ سَرِيعُ الْعِقَابِ وَإِنَّهُ لَغَفُورٌ رَحِيمٌ ١٦٥
Ва Ҳувал-лазӣ ҷаъалакум халаифа-л арЗи ва рафаъа баъЗакум фавқа баъЗин дараҷати-л ли яблувакум фӣ ма атакум. Инна Раббака сарӣъу-л-ъиқоби ва иннаҳу ла-Ғафуру-р-Раҳӣм.165.
165. Ва Ӯст, ки шуморо дар Замин ноибҳо гардонид ва баъзе шуморо болои баъзеи шумо бо дараҷаҳо баланд кард, то шуморо дар он чӣ, ки ба шумо додааст, биёзмояд. Ҳаройина, Парвардигори ту зудазобкунанда аст ва ҳаройина, Ӯ омурзандаву меҳрубон аст.
Аллоҳтаъоло дар охирин ояти ин сура дар ин ҷаҳони ҳастӣ ишора ба арзиши инсон намуд, то ин ки инсон худро шиносаду дар баробари сангу чӯб сар ба саҷда наниҳад, балки болои онҳо амир бошаду ҳукм кунаду истифода барад. Яъне Ӯ таъоло чунин Зотест, ки шумо (инсонҳо)-ро дар рӯйи Замин, тибқи навбат, дар ҳар аср барои ободии он ҷойнишини якдигар гардонидааст. Хулоса, ин аст Аллоҳтаъоло ҳар умматро ҷойнишини уммати гузашта қарор додааст. Яъне инсонҳои асри баъдӣ ҷойнишини инсонҳои қаблӣ буда, дар ободгардонии ҷиҳони ҳастӣ дар навбати худ саҳмгузоранд. Ба ҳар тақдир, Аллоҳтаъоло ҳамаи инсонҳоро бо ҳикмати Худ дар ақлу фаросат, ризқу рӯзӣ, фарохдастӣ, тангдастӣ, дониш, ҷаҳл, тавоноӣ, заъф ва ғайра баробар халқ накарда, балки бо дараҷаҳои гуногун ва мухолифи ҳамдигар халқ намудааст. Ин ҳама барои он аст, ки дар ҳар он чи, ки аз неъматҳо ба онҳо додааст, дар зоҳир биёзмояд, то ин ки онҳо чи гуна шукри ин неъматҳоро ба ҷо меоранд. Яъне ҳоким ба раъияти худ, сарватманд ба камбағал , инсони шариф ба ғайри худ чӣ гуна шукру чӣ гуна рафтор мекунад. Ҳар касе аз ин имтиҳон дуруст гузашта натавонад донад, ки Аллоҳтаъоло, албатта, зуд азобкунанда аст (Агарчи ин азобҳо дар қиёмат ба вуқӯъ пайванданд ҳам, набояд фаромӯш кард, ки ҳар чизе омаданист, ӯ қариб аст). Дар ин ҷаҳони ҳастӣ агар инсон аз имтиҳоноти Аллоҳтаъоло гузашта тавонад, яъне касоне, ки ба Ӯ ва пайғамбарони Ӯ ва китобҳои Ӯ имон оварда дар иҷрои амалҳои солеҳ кӯшанда бошанд, донанд, ки Аллоҳтаъоло, албатта, омӯрзандаи гуноҳони бандагони Худ буда, бисёр меҳрубон аст. Имом Аҳмад (р) ва дар охир аз Аби Ҳурайра (р) ҳадиси марфӯъеро ривоят карда гуфтаанд, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтанд: “Агар бандаи муъмин он азобҳое, ки назди Аллоҳтаъолост донад, ягон нафар тамаъи Ҷаннат карда наметавонад. Ва агар кофир он раҳматеро, ки назди Аллоҳтаъолост, донад, ҳеҷ кас аз духули Ҷаннат ноумед намешавад. Худованд сад раҳматро халқ намуд ва аз он якеро байни махлуқоти Худ гузошт ва бо ҳамон як раҳмат ҳамдигарро раҳмхӯрӣ мекунанд. (ва 99 раҳмати дигарро дар назди худ гузошт то ин ки рӯзи Қиёмат фақат бандагони муъмини худро раҳм кунад).”
Валлоҳу аълам
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «