Сураи Аъроф – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аъроф – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аъроф сураи 7-уми Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 206 оят иборат аст.

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оятҳои сураи “Аъроф” ба ғайр аз 8-ояти он, ки бо калимаҳои «Вас-алҳу ъани-л-қаряти» оғоз мешаванд, боқӣ ҳама дар Макка нозил шудаанд. Сураи мазкур яке аз дарозтарин сураҳои нозил шудаи Макка ба ҳисоб меравад. Сура асосан қиссаҳои анбиё (а)-ро бо тафсил дар маърази хонанда мегузорад. Меҳвари муҳимми сураҳои дар Макка нозилшуда даъват ба сӯйи яктопарастӣ ва зикри баъсу нушур, ҷазо ва омадани ваҳй ба расулон буд, ин сура низ онҳоро бо услуби хос дар худ қарор додааст. Дар оятҳои аввали худ, ин сура хабар медиҳад, ки Қуръон барои Муҳаммад (с) муъҷизаи доимист. Он аз тарафи Парвардигори раҳмону раҳим нозил шудааст. Агар ба он амал кунанд, барои ҷамиъи мардуми курраи рӯи Замин неъмати бузург аст. Яъне барои наҷот, хушбахтии дунё ва охирати худ инсон метавонад ба раҳнамоии ин китоби ҳамаро оҷизкунанда бо боварии комил чанг занад. Дар ин сура зикри он меравад, ки Аллоҳ таъоло инсонро аз як падар халқ намуд ва барои ҳурмати ӯ фариштагонро амр намуд то ӯро саҷда кунанд. Ҳамчунин онҳоро аз қайду макри шайтон, (ки сари ҳар кори хайре, ки инсон ба иҷрои он мекӯшад ҳамчун душман дар камин нишаста, ӯро аз роҳи нек манъ сохта аз Холиқ дур мекунад) огоҳ месозад. Зикри қиссаи ҳаёти Одам (а), шайтон, хориҷ карда шудани онҳо аз Ҷаннат, фаромадани онҳо, ба Замин баёни қасди шайтон барои Одаму зуррийяи ӯ ва баёни душмании Иблис барои падари инсон Одам (а) дар ин сура низ ҷой дорад. Яке аз хусусиятҳои ин сура мавҷуд будани чаҳор нидои «Ё бани Одам» аст.

Ҳамчунин сураи мазкур маълумотро дар бораи се гурӯҳ, ки яке аз онҳоро муъмин (асҳоби Ҷаннатанд) дигареро кофир (асҳоби Ҷаҳаннаманд) ва гурӯҳи севум, ки онро асҳоби «Аъроф» гӯянд ба маърази хонанда гузоштааст. Ба ғайр аз ин сура дар бораи асҳоби «Аъроф» дар дигар ҷойи Қуръон маълумоте нест. Аз ин ҷиҳат ин сураро сура «Аъроф» номида шудааст. Ҳамчунин сураи мазкур қиссаи анбиё (алайҳимус-салом), ба хусус қиссаи Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Лут, Шуъайб ва Мӯсо (а)-ро дар бар гирифтааст. Дар нахуст қиссаи шайхуланбиё Нӯҳ (а) ва аз он чи, ки аз қавми худ дидааст, ба тафсил баён мешавад. Дунболи он қиссаи Мӯсо (а), Фиръавни тоғӣ, балоҳо ва меҳнатҳое, ки ба сари бани Исроил расиду онҳо чи гуна ба амонӣ расиданд ва сипас онҳо чи гуна неъматҳои Парвардигорро бо хилофкорӣ иваз намуданд ва дар натиҷа шакли онҳо монанди бузина (маймун) гардид, баён мешавад. Ҳамчунин қиссаи чи гуна фариштагонро Парвардигор фармуд, ки Одамро саҷда кунанд ва фариштагон ҳама саҷда карданду шайтон аз рӯи кибр тарки амри Парвардигор намуда, саҷда накард ва аз Ҷаннат ронда шуд, баён шудааст. Ҳамчунин дар ин сура инсонро аз ҳиллаву найранги шайтон барҳазар кунонида гуфтааст, ки шайтон махлуқест, ки тавонистааст Одам (а)-ро васваса кунад ва ваъда ҳам додааст, ки авлоди ӯро низ дар иғво андозад.

Дар ин сура амр ба он мешавад, ки барои гузаронидани намоз бо хубтарини либос ба масҷид бояд ҳозир шуд. Ҳаром будани корҳои фоҳиш, чи зоҳиран бошад ва чи ботинан, баёни худро дар ин сура ёфтааст. Қиссаи Аъроф ва он чиро, ки барои парҳезгорон Аллоҳ таъоло омода кардааст, баён мешавад. Ҳамчунин амр ба дуъову тазаррӯъ ба сӯйи Парвардигор, масали муъмин ва кофир, сифатҳои шахси парҳезгор, пайғамбарии Муҳаммад (с) барои ҷамии мардум, қиссаи асҳоби «шанбе»-ро низ, дар ин сура вохӯрдан мумкин. Гирифтани аҳд аз зуррияи Одам (а) барои яктопарастӣ, қиссаи Балъами Боъур, сифати мунофиқон, дуъо бо исмҳои ҳуснои Аллоҳ таъоло, соати ба вуқӯъ омадани рӯзи қиёмат ва илми ғайб, ки ба ғайри Аллоҳ таъоло дигар касе онро намедонад, дар ин сура баён мешавад.

Дар оятҳои охир, яъне аз ояти 199 то охири сура ба шавқ овардани шахси мусалмон ба амри маъруф, аз ҷоҳилон рӯгардон шудан, ҳангоми тиловати Қуръон сукутро ихтиёр кардан ва бо тазаррӯъ дар субҳгоҳону шомгоҳон ба зикр машғул шудан баёни худро ёфтааст.

Сураи мазкур бо баёни тавҳид ибтидо шуда ва бо баёни тавҳид ба охир мерасад. Ин буд назари кӯтоҳе ба мундариҷаи сураи “Аъроф. ”


Рӯйхати оятҳои Сураи Аъроф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 165 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аъроф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)