Тафсири Сураи Анъом Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 17
وَإِنْ يَمْسَسْكَ اللَّهُ بِضُرٍّ فَلَا كَاشِفَ لَهُ إِلَّا هُوَ ۖ وَإِنْ يَمْسَسْكَ بِخَيْرٍ فَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ ١٧
Ва ий ямсаскаллоҳу би Зуррин фа ла кашифа лаҳу илла Ҳу. Ва ий ямсаска би хайрин фа Ҳува ъала кулли шай-ин Қадӣр. 17.
17. Агар Аллоҳ ба ту сахтиеро бирасонад, пас ҳеҷ дафъкунандае онро нест, магар Ӯ. Ва агар ба ту некӯие бирасонад, пас Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст.
Соҳиби ҳама зарару фоида Ӯ таъолост. Чи хеле, ки хоҳад дар махлуқоти худ тасарруф мекунад, касе нест, ки ҳукми Ӯро ба қафо баргардонад. Ҳамчунин қазои Ӯро низ ҳеҷ радкунандае нест. Яъне Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур фармудааст, ки агар Худо ба ту зиёну зараре мисли фақирӣ, беморӣ, бало ё дигар нохушиҳоро расондан хоҳад, ҳеҷ кас ба ғайри Ӯ таъоло бартарафкунандаи он нохушиҳо нест. Агар хоҳад, ки ба ту хайре чун кушоиши кор, соҳибнеъмат шудан, тинҷӣ, саломатӣ ва ғайра расонад, касе ба ин монеа шуда наметавонад, зеро фақат Ӯ таъоло бар ҳама чиз тавоност. Бо ибораи дигар, агар Аллоҳтаъоло барои бандае зарар расониданӣ бошад, агар тамоми аҳли дунё кӯшиш кунанд, ки ин зарарро дур кунанд, ба ин қодир нашаванд. Акси ин, агар Аллоҳтаъоло барои бандае иродаи расонидани хайре дошта бошад, агар тамоми мардуми олам ба ҳам оянд ҳам, пеши онро гирифта натавонанд. Он хайр, албатта, ба он банда мерасад. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ҳадиси шариф омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин дуъо мекарданд: Аллоҳумма, ла маниъа лима аътайта ва ла муътия лима манаъта ва ла янфаъу за-л ҷадди минка-л ҷадду – Парвардигоро, атои Туро ҳеҷ боздорандае нест. Ва он чиро, ки Ту боз дорӣ, ҳеҷ бахшандае нест. Ва нафъ нарасонад соҳибсарватро дар охират сарваташ, балки суд мерасонад ӯро танҳо имон ва амали солеҳаш. Аз ҳамин ҷиҳат Аллоҳтаъоло дар ояти зер мефармояд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «