Тафсири Сураи Анъом Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 18
وَهُوَ الْقَاهِرُ فَوْقَ عِبَادِهِ ۚ وَهُوَ الْحَكِيمُ الْخَبِيرُ ١٨
Ва Ҳува-л-Қоҳиру фавқа ъибадиҳ. Ва Ҳува-л-ҳакӣму-л-Хабӣр. 18.
18. Ва Ӯст болои бандагони Худ ғолиб. Ва Ӯст донову огоҳ.
Ӯ таъоло чунин Зотест, ки бар тамоми бандагони Худ ғалаба дорад. Гардани гарданкашон хам гашта, сарҳои ҷабборон чун Фиръавну Ҳомону Абраҳа ва амсоли онҳо пойдору барҷо намонда, дар назди Аллоҳтаъоло бо хорию нафрат шикаст хӯрда, ба ғайри лаънати пойдор бар онҳо чизи дигаре боқӣ намондааст. Ӯ таъоло аз ҷамиъи аҳволи бандагони Худ бохабар аст. Ҳар тадбире барои онҳо карда бошад, ҳикмати Ӯст. Агар касеро сарватманд, соҳибҳунар, олим ва ғайра насиб гардонидааст ё акси инро раво дида аст, ин ҳам ҳикмате аз ҳикматҳои Ӯст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «