Тафсири Сураи Анъом Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 19
قُلْ أَيُّ شَيْءٍ أَكْبَرُ شَهَادَةً ۖ قُلِ اللَّهُ ۖ شَهِيدٌ بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ ۚ وَأُوحِيَ إِلَيَّ هَٰذَا الْقُرْآنُ لِأُنْذِرَكُمْ بِهِ وَمَنْ بَلَغَ ۚ أَئِنَّكُمْ لَتَشْهَدُونَ أَنَّ مَعَ اللَّهِ آلِهَةً أُخْرَىٰ ۚ قُلْ لَا أَشْهَدُ ۚ قُلْ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ وَإِنَّنِي بَرِيءٌ مِمَّا تُشْرِكُونَ ١٩
Қул айю шай-ин акбару шаҳадаҳ. Қулиллаҳ. Шаҳӣдун байнӣ ва байнакум. Ва уҳия илайя ҳаза-л-Қур-ану ли унзиракум биҳӣ ва ман балағ. А-иннакум ла ташҳадуна анна маъаллоҳи алиҳатан ухро. Қул ла ашҳад. Қул иннама Ҳува Илаҳу-в Ваҳиду-в ва иннанӣ бариу-м мим ма тушрикун. 19.
19. Бигӯ: «Аз ҳама бузургтар гувоҳ кист?». Бигӯ: «Аллоҳ байни ман ва миёни шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон ба сӯйи ман ваҳй карда шуд, то шуморо ва онро, ки ба ӯ Қуръон бирасад, бим диҳам. Оё шумо гувоҳӣ медиҳед ин ки ҳамроҳи Худо маъбудҳои дигар ҳаст?» Бигӯ: «Боре ҳам бар ин гувоҳӣ намедиҳам». Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки Ӯ Худоест ягона ва ҳаройина, ман аз он чи шумо шарик муқаррар мекунед, безорам».
Муфассирон сабаби нузули ояти мазкурро чунин гуфтаанд. Боре сардорони Макка назди Расулуллоҳ (с) омаданд ва ба ӯ (с) гуфтаанд, ки ту дар бораи пайғамбарии худ сухан мегӯӣ, аммо мо ҳеҷ касро надидем, ки туро тасдиқ карда бошад. Ҳоло мо аз яҳуду насоро дар бораи кори ту пурсидем, онҳо гуфтанд, ки назди мо ягон зикри ӯ ё сифати ӯ нест. Ҳоло ту мегӯӣ, ки ман расулам, оё ягон шоҳид дорӣ, ки гуфтаи туро тасдиқ кунаду ба тарафдории ту гувоҳӣ диҳад? Ҳамоно буд, ки ояти мазкур ба Расулуллоҳ (с) барои радди суханҳои онҳо нозил шуд.
Яъне Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур Ҳабиби Худ (с)-ро фармудааст, ки агар мушрикон барои пайғамбарии ту шак оранду аз ту гувоҳ пурсанд, метавонӣ ба онҳо бо суол ҷавоб диҳӣ, ки бузургтарин гувоҳе, ки барои пайғамбарии ман шоҳидӣ диҳад, кист? Агар онҳо ба ин суол ҷавоб надиҳанд, ту худ метавонӣ ба суоли худ бе ҳеҷ тараддуд ҷавоб диҳӣ! Яъне ба онҳо гӯй, ки ай мушрикон, агар дар пайғамбарии ман барои шумо шоҳид даркор бошад, Худо маро амр кардааст, ки ба шумо бигӯям, ки дар хусуси ман, бузургтарин шоҳид Аллоҳ аст. Шумо ба пурсидани яҳудиёну насрониён чӣ ҳоҷат доред, ки назди онҳо рафта аз ҳақиқати кори ман мепурсед? Ва дигар ин ки ай аҳли Макка, оё барои шумо ин қадар шоҳиди бузург, ки он Қуръони Аллоҳ аст, кифоя нест? Қуръон ба сӯйи ман ҳамчу ваҳй фиристодашуда аст, то шуморо ва он касонеро, ки ин Қуръон ба онҳо мерасанд, хоҳ инс бошанд ва хоҳ ҷин, хоҳ араб бошад ва хоҳ аҷам, бо оятҳои он аз азобу уқубати Ӯ таъоло биму тарс диҳам, ин ҳам кифоя нест?
Дар давоми оят бори дигар бо суоли саркӯбкунанда мушриконро мулзам намуда аст, ки барои ваҳдонияти Ӯ таъолоро исбот намудан, чи дар осмонҳо ва чи дар Замин, ҳатто дар нафсҳои худи шумо далелҳои зиёду ошкоро вуҷуд дорад. Ҳоло ҳам мегӯед, ки ҳамроҳи Аллоҳ худоёни дигаре ҳаст? Шумо бояд бидонед, ки Худо маро амр кардааст, ки дар чунин масъалаҳо ба шумо ошкоро бигӯям, ки ҳаргиз ҳамраъйи шумо нестам ва ҳатто чунин ҳарфҳои олуда ба ширкро ҳам ҳаргиз ба забон намеорам. Зеро болойи чунин шаҳодату чунин ақидае, ки шуморост, ман хати бутлонро кашида мебинам. Бори дигар Аллоҳтаъоло Ҳабиби худ (с)-ро дар ҷумлаи охирини оят фармудааст, ки ба мушрикон бигӯ, ки Ӯ таъоло, бидуни шакку шубҳа, ягона ва яктост. Ошкоро мегӯям, аз он чизҳое, ки онҳоро ба Аллоҳ шарик қарор медиҳед, ман безорам ва ҳаргиз дар чунин ақида ҳамроҳи шумо нестам!
Бо ривояти Абиҳотам аз Муҳаммад ибни Каъб дар шарҳи ибораи «ман балаға» гуфтаанд: “Ба шахсе, Қуръон расида бошад, ӯ гӯё Муҳаммад (с)-ро дида ва бо ӯ сухан гуфтааст.”
Бо ривояти Абдураззоқ аз Муъмар ва аз Қатода омадааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Аз ҷониби Аллоҳ паёми ӯро бирасонед, зеро ояте аз китоби Аллоҳ ба касе расад, дар ҳақиқат фармони Аллоҳ ба ӯ расидааст.”
Рабиъ ибни Анас (р) гуфтаанд: “Ҳар касе, ки Расулуллоҳ (с)-ро тобеъ аст, ҳаққи тобеъ шудан барои ӯ он аст, ки чуноне Расулуллоҳ (с) мардумро аз азоби Аллоҳ биму тарс доданд, ӯ низ дигаронро биму тарс диҳад.”
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «