Сураи Анъом Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 20

الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَعْرِفُونَهُ كَمَا يَعْرِفُونَ أَبْنَاءَهُمُ ۘ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ ٢٠

Ал-лазӣна атайнаҳуму-л-китаба яърифунаҳу кама яърифуна абнааҳум. Ал-лазӣна хасиру анфусаҳум фа ҳум ла юъминун. 20.

20. Он касонеро, ки Китоб додем, мешиносанд ӯ (Муҳаммад (с))-ро, чуноне ки писарони худро мешиносанд. Ононе ки дар нафси худ зиёнкор шуданд, пас онҳо имон намеоранд.

Одати мушрикони асри Расулуллоҳ (с) чунин буд, ки ба аҳли китоб бо ҳурмат менигаристанд ва ҳамроҳи онҳо дар баъзе масъалаҳои динияшон маслиҳат ҳам мекарданд. Яъне мушрикон бо пиндори худ аҳли китобро соҳиби илми хос дониста, аз ҳақиқати Ислом, Қуръон ва аз шахсияти Муҳаммад (с) аз онҳо суол мекарданд. Дар ҳақиқат, чуноне ки ояти мазкур васфи аҳли китобро мекунад, онҳо аз ҳақиқати кор бохабар буданд. Локин ба ғайри иддаи каме аз онҳо, дигар ҳамаашон ҳақиқати он чиро, ки дар шаъни Расулуллоҳ (с) медонистанд, ба мардум намегуфтанд.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур фармудааст, ки касоне ки ба онҳо китоби осмонӣ чун Таврот, Инҷил додем ва сифати Ислому Қуръону Муҳаммад (с)-ро дар он китобҳо дарҷ намудем, аз ин маълумотҳо бохабаранду чунон Муҳаммад (с)-ро мешиносанд, ки писарони худро мешиносанд. Балки зиёдтар мешиносанд. Бо вуҷуди ин ҳама, агар аҳли китоб гӯянд, ки мо ӯ (с)-ро намешиносем ё онҳо аҳли китоб нестанд ва ё дурӯғ мегӯянд. Зеро тамоми анбиёи гузашта ба умматҳои худ аз симои пайғамбари охируззамон, аз сифатҳои вай, аз мақоми зист, ҳатто аз ҳиҷрати ӯ (с) ба Мадина ва аз сифати умматҳои ӯ (с), башорат додаанд. Мисол, мувофиқи ривоятҳои расида баъди ҳиҷрати Расулуллоҳ (с) ба Мадинаи мунаввара Умар ибни Хаттоб (р) бо яке аз мусалмоншудаҳои аҳли китоб бо номи Абдуллоҳ ибни Салом (р) сӯҳбат орост. Дар рафти сӯҳбати худ ишора ба ояти мазкур намуда ба ӯ гуфт: “Худои азза ва ҷалла дар ин оят аз аҳли китоб хабар додааст, ки онҳо пайғамбари охиринро ҳамчу фарзандонашон мешиносанд, ба ман бигӯ, ки ҳоло шумо ӯро чӣ гуна мешиносед?” Абдуллоҳ ибни Салом (р) дар ҷавоб ба Умар (р) гуфт: “Ба Аллоҳ қасам, ки чун ӯ (с)-ро дар миёни шумо дидам, чуноне ки фарзанди худро мешиносам, вайро шинохтам. Ҳоло ман, бе шакку шубҳа, Муҳаммад (с)-ро аз фарзандам беҳтар мешиносам, зеро ман қатъиян намедонам, ки модари фарзанди ман дар ғайби ман чӣ коре кардааст…” Аммо мутаассибони аҳли китоб то тавонистанд тақлиди падарони худ намуда, ин ҳақиқатро пӯшиданд, маълумотҳоро оид ба Муҳаммад (с) аз китоб хат заданд, зеро нахостанд, ки ин ҳақиқат ба оммаи мардум бирасад. Агар онҳоро аз ин қазия мепурсиданд, ҷавоби дурӯғ медоданд. Хулоса, бо ин гуна рафтор худро дар хасороти калони маънавӣ гузоштанд. Дар давоми ояти мазкур ҳукми ин гуна ашхос баён шудааст.

Дар он омада, ки мушрикон, мулҳидон ва дигарон аъам аз аҳли китобу куффор, ки пайғамбарии Расулуллоҳ (с)-ро бо вуҷуди ин қадар далелҳои зоҳир мункир шудаанд. Ин амали онҳо маънои онро дорад, ки онҳо имон намеоранд. Маълум шуд, ки инкори аҳли китоб ба Ислому Қуръону Муҳаммад (с) аз рӯйи нодонияшон набудааст, балки онҳо дидаву дониста аз рӯйи таассуб, ҳасад, кибр, ҳубби молу ҷоҳ чунин амал карда, ба худ зиёни бисёр расонидаанд. Бори дигар зиёни ин гуна шахсонро ояти зер равшантар месозад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)