Тафсири Сураи Анъом Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 21
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِآيَاتِهِ ۗ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الظَّالِمُونَ ٢١
Ва ман азламу мим ман-ифтаро ъалаллоҳи казибан ав каззаба би айатиҳ. Иннаҳу ла юфлиҳу-з-золимун. 21.
21. Ва кист ситамгортар аз касе, ки бар Аллоҳ бӯҳтон (дурӯғ)-ро барбаст ё ин ки дурӯғ ҳисобид оятҳои Ӯро? Ҳаройина, ситамгорон растагор намешаванд.
Дар Қуръони маҷид калимаи золимтарин (ситамгортарин) дар 16 мавзӯъ зикр мешавад. Дар ҳама мавридҳо зулм ба маънои ширк истифода шудааст. (Хусусан дар сураи «Бақара», оятҳои 114 ва 140). Дар луғат як чизро дар ғайри ҷойи худ ниҳоданро зулм гӯянд. Дар Қуръони карим Аллоҳтаъоло ширкро барои он зулм гуфтааст, ки инсони мушрик дар дили худ ба ҷойи имони ростин ширкро ҷой додааст. Яъне дар дунё аз мушрикон дида золимтар касе нест. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки чӣ гуна шахсони ситамгар дар ин дунё наҷот ёфта растагор шаванд, ки онҳо ба Аллоҳ бӯҳтон баста, оятҳои Ӯро дурӯғ ҳисобиданд? Ояти мазкур хусусан барои шахсоне, ки худро мусалмон меҳисобанд, аммо нисбат ба Аллоҳтаъоло дар гуфтору рафтор дурӯғҳо мебофанд ҳушдори шадид аст. Акнун аҳволи шахси ситамгор дар охират чӣ гуна аст, ояти зер баён мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «