Тафсири Сураи Анъом Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 22
وَيَوْمَ نَحْشُرُهُمْ جَمِيعًا ثُمَّ نَقُولُ لِلَّذِينَ أَشْرَكُوا أَيْنَ شُرَكَاؤُكُمُ الَّذِينَ كُنْتُمْ تَزْعُمُونَ ٢٢
Ва явма наҳшуруҳум ҷамӣъан сумма нақулу лил лазӣна ашраку айна шуракаукуму-л-лазӣна кунтум тазъумун. 22.
22. Ва рӯзе ки ҳамаи онҳоро ҳашр кунем, баъд аз он аз барои онҳое ки ширк овардаанд, гӯем: «Куҷоанд он шарикони шумо, ки бо пиндори хеш онҳоро шарикони Худо мепиндоштед?».
Аллоҳтаъоло дар ин оят ба Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки ба он мушрикон ёдоварӣ кун, ки дар рӯзи қиёмат ҳамаро, ҳатто он мушриконро низ аз нав зинда месозему ҳамаро якҷо барои ҳисоби амалҳои дар дунё кардаашон ҷамъ мекунем. Дар шоҳидии тамоми мардум барои онҳо дар он рӯз мегӯем, ки шумо дар дунё эътиқод доштед, ки байни шумо ва Аллоҳ таъоло бутҳо воситаанд. Шумо мегуфтед, ки бо воситаи онҳо ба Худо наздик мешавем, ҳоло он воситаҳо дар куҷоанд, то шуморо кӯмак намоянд? Албатта, дар зимни ин суоли саркӯбкунанда ҷавоб маълум аст. Дар он рӯзи пурдаҳшат агарчи гунаҳгору шахсони маҳкум ба Ҷаҳаннам бисёр бошанд ҳам, аммо ин суол хос ба мушрикон нигаронидашуда аст. Муфассирон гуфтаанд, ки ин тарзи хоси саволгузорӣ маънои онро дорад, ки ширк калонтарин гуноҳ аст. Оре, дар ин мавзеъ ширк фақат маънои бутпарастиро надорад, балки дар вуқӯъи тамоми ҳодисҳои дунё инсон гумон кунад, ки ба ғайри Аллоҳ боз ягон таъсири дигар махлуқе ҳам ҳаст, он ақида агар ширки акбар набошад ҳам, яқин ширки асғар аст. Мисол, назди мазоре мурод ё фарзанд талабидан ва ё хос барои шахсе ё мазоре ҳайвонеро назр намудан ва ғайра аз ҷумлаи ширк ба ҳисоб меравад. Хулоса, аз шахсоне, ки зери ваъиди ин оят шомиланд, рӯзи қиёмат шадидан суоли саркӯбкунанда карда хоҳад шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «