Сураи Анъом Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 23

ثُمَّ لَمْ تَكُنْ فِتْنَتُهُمْ إِلَّا أَنْ قَالُوا وَاللَّهِ رَبِّنَا مَا كُنَّا مُشْرِكِينَ ٢٣

Сумма лам такун фитнатуҳум илла ан қолу валлоҳи Раббина ма кунна мушрикӣн. 23.

23. Пас набошад фиреб (узр)-и онҳо магар ин ки мегӯянд: «қасам ба Худо, ки Парвардигори мост, мо ширковардагон набудем».

Калимаи «фитна»-ро муфассирон дар чандин маъно истифода бурдаанд. Аммо дар ин оят агар ривояти Ибни Аббос (р)-ро ба эътибор гирем, ба маънои «ҳуҷҷати онҳо» омадааст. Атоӣ Хуросонӣ бошад, гуфтааст, ки маънояш «узурхоҳии онҳо дар он рӯз» аст. Ба ҳар тақдир, чуноне ки дар ин дунёи фонӣ ҳар гоҳе гунаҳгорон дастгир шаванд, кӯшиш мекунанд ба ҳар василае, ки бошад, худро сафеду бегуноҳ нишон диҳанд, дар охират ашхоси зери ваъиди ояти мазкур қарордошта ҳам, агарчанде ҳама кору кирдори онҳо маълум аст, тибқи одатҳое, ки дар дунё доранд, барои бегуноҳ нишон додани худ ҷаҳду талош намуда, ҳуҷҷатҳои бофтаи хешро пеш меоранд, аммо ин ба дардашон намехӯрад. Чун мебинанд, ки худро наҷот дода наметавонанд ва ҳамчунин ба Ҷаннат даромадани аҳли намозро мебинанд, аз мушрикии худ ва аз он бутҳое, ки онҳоро парастиш мекарданд безорӣ ҷӯста, ҳолати дунёии хешро инкор мекунанд ва ба савгандхӯрӣ даромада, мегӯянд, ки қасам ба Аллоҳ, ки Ӯ Парвардигори мост, мо мушрик набудем. Баъди ин моҷаро, чуноне ки дар ояти 65-уми сураи «Ёсин» омадааст, ба даҳони онҳо мӯҳр зада мешавад, дигар сухан гуфта наметавонанд, дасту по ва дигар аъзои бадани онҳо алайҳи онҳо шоҳидӣ медиҳанд. Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) аз аҷоиб будани ҳоли мушрикон бо хитоб хабар дода аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)