Сураи Анъом Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 7

وَلَوْ نَزَّلْنَا عَلَيْكَ كِتَابًا فِي قِرْطَاسٍ فَلَمَسُوهُ بِأَيْدِيهِمْ لَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ هَٰذَا إِلَّا سِحْرٌ مُبِينٌ ٧

Ва лав наззална ъалайка китабан фӣ қиртосин фа ламасуҳу би айдӣҳим лақола-л-лазӣна кафару ин ҳаза илла сиҳру-м мубӣн. 7.

7. Ва агар бар ту китоби дар варақ навишташударо фурӯ мефиристодем, пас онро бо дастҳои худ мегирифтанд, ҳаройина, касоне ки кофир шуданд, мегуфтанд: «Нест, магар ин сеҳр (ҷоду)-и ошкор».

Сабаби нузули ояти мазкурро баъзе аз муфассирон дар шаъни Назр ибни Ҳорис ва ҳамроҳони ӯ донистаанд. Номбурда ба Расулуллоҳ (с) гуфт, ки ай Муҳаммад, то ту барои мо аз назди Аллоҳ китоби навишташуда дар коғаз ва чаҳор фаришта ҳамроҳи он наорӣ ва онҳо то дар ҳузури мо гувоҳӣ надиҳанд, ки ин расули Худост ва ин китоб ҳам бе ягон шакку шубҳа аз назди Худост, мо ба ту имон наорем. Дар ҷавоб ояти мазкурро Аллоҳтаъоло нозил намуд ва ба Пайғамбари Худ (с) хабар дод, ки эй Муҳаммад (с), агар рафту Мо барои ту сухани Худро дар сурати ваҳй не, балки дар сурати китоби дар коғаз навишташуда, (чуноне ки онҳо мехоҳанд), нозил кунем, онҳое, ки ба Пайғамбарии ту кофиранд, онро бо чашмҳояшон муоина кунанду барои дур кардани шубҳаҳои худ бо дастҳояшон қапанду яқин созанд, ки дар ҳақиқат ҳам китоби дар коғаз навишташуда аст, боз ҳам, имон намеоранд. Балки ба ту мегӯянд, ки ин кори ту ба ғайр аз як сеҳри ошкор кори дигаре нест. Зеро онҳо дар асл барои фаҳмидани ҳақиқат майл надошта, доимо роҳҳои инкорро ҷустуҷӯ мекунанд.

Яъне агар онҳо ҳақиқатро фаҳмидан мехостанд, Расулуллоҳ (с) байни онҳо 40 сол зиндагӣ дошт, бо рафтору одатҳои писандидаи худ онҳоро дар ҳайрат мононда буд, барои ростқавлӣ ҳатто ӯ (с)-ро Амин гуфта лақаб ҳам монда буданд, аммо ба ӯ (с) имон наоварданд. Ҳоло ҳар чи Расулуллоҳ (с) гӯяд, онро сеҳр мепиндоранд, пас чӣ гуна онҳо ба ваҳйи илоҳӣ, ки хос ба василаи фариштаи муваккал, ки онҳо на ӯро мебинанду на эҳсос мекунанд, бо Расулуллоҳ (с) нозил мешавад, имон меоранд? На! Ин гуна инсонҳои саркаш имон намеоранд. Чунин мазмунро дар сураи «Ҳиҷр», ояти 14 ва дар сураи «Тур», ояти 44 мушоҳида кардан мумкин. Чунин инсонҳо дар шаъни Расулуллоҳ (с) боз чӣ гуфтанд? Ба ин савол ояти зер ҷавоб медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)