Сураи Анъом Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 8

وَقَالُوا لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْهِ مَلَكٌ ۖ وَلَوْ أَنْزَلْنَا مَلَكًا لَقُضِيَ الْأَمْرُ ثُمَّ لَا يُنْظَرُونَ ٨

Ва қолу лав ла унзила ъалайҳи малак. Ва лав анзална малака-л лақузия-л-амру сумма ла юнзарун. 8.

8. Ва гуфтанд онҳо (кофирон): «Чаро бар ӯ фариштае фуруд оварда нашуд?». Ва агар фариштаро фурӯ мефиристодем, албатта, кори онҳо ба охир мерасид, дигар ба онҳо муҳлат ҳам дода намешуд.

Он гоҳ, ки Расулуллоҳ (с) қавми худро ба сӯйи Ислом даъват мекарду ҳукми Худои азза ва ҷалларо ба онҳо мефаҳмонд, ҷамъе аз сардрони Қурайш ба вай (с) гуфтанд, ки эй Муҳаммад, барои тасдиқи гуфтаҳоят агар фариштае ҳамроҳат мешуд, то ба тарафдории ту ва ростии сухани ту ба мардум сухан мегуфт, мо ба ту имон меовардем. Ҳамоно буд, ки ояти мазкур нозил шуд. Худованд дар он фармуд, ки кофирон гуфтанд, ки эй Муҳаммад, чаро Худованд барои ту фариштае нозил накард, то мо онро бо чашми худ бубинем ва ӯ дар бораи пайғамбари барҳақи Аллоҳ буданат моро муътақид созад, то мо ба ту имон орем ва пайравият кунем? Худованд ба онҳо меҳрубонӣ намуда,ин иддаояшонро иҷобат накард ва фариштае мисли гуфтаи онҳо нафиристод, то бошад, ки онҳо ба худ оянду тавба кунанд. Агар рафту ҳамроҳи ваҳй фариштае низ фиристода мешуд ва онҳо итоъат намекарданд, чуноне ки давоми оят фармудааст, дигар ба онҳо муҳлат дода намешуд, кори онҳо ба охир мерасид ва ҳамагӣ ҳалок мешуданд. Аҷаб не, дидани ҳайбати сурати фариштаро таҳаммул карда натавониста, ҳалок мешуданд. Чунин мазмунро дар сураи «Ҳиҷр» ва ояти 22-юми сураи «Фурқон» низ мушоҳида кардан мумкин.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)