Сураи Анъом Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 96

فَالِقُ الْإِصْبَاحِ وَجَعَلَ اللَّيْلَ سَكَنًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ حُسْبَانًا ۚ ذَٰلِكَ تَقْدِيرُ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ ٩٦

Фалиқу-л исбаҳи ва ҷаъала-л-лайла сакана-в ва-ш-шамса ва-л қамара ҳусбана. залика тақдӣру-л-Ъазӣзи-л-Ъалӣм. 96.

96. Ӯ шикофандаи субҳ аст ва шабро оромгоҳ гардонид ва муқаррар гардонид Офтобу Моҳро барои ҳисоб. Ин аст тақдири Худои пирӯзманду доно.

Барои Аллоҳ ва қудратҳои Ӯро шинохтану имон овардан, чуноне ки дар ояти қаблӣ гузашт, ҳатто аз хурдтарини чиз яъне аз дон рӯйидани зироат далел шуда метавонад. Агар ақли инсон ба ин нарасид, пас ба офаридашудаҳои бузурги Аллоҳтаъоло (Офтоб, Моҳ…) назар андозад, ки онҳо ҳамеша пеши назар ҳастанд. Шояд баъди ин инсони бохирад, чуноне ки дар ин оят ишора шудааст, ба худ ояд.

Хулоса, маънои ояти мазкурро муфассирони олиқадр чунин баён намудаанд, ки Ӯ таъоло чунин Зотест, ки торикии шабро ба рӯшноии субҳ мешикофад ва офарандаи нуру равшании рӯз аст. Яъне Ӯ таъоло офарандаи рӯшноӣ ва торикист. Чун рӯшноиро биёрад, торикӣ аз рӯйи олам кӯч мебандад ва агар торикиро биёрад, рӯшноӣ нақли макон мекунад. Қудрати дигари Аллоҳтаъоло ин аст, ки шабро сукунатгоҳи халқ кардааст, то ин ки мардум аз такопӯй ором гиранд ва аз он хастагие, ки дар рӯз пайдо мешавад, биосоянд. Нақлест, ки вақто Суҳайби Руми (р)-ро аз сабаби бедорхобиаш ҳамсараш итоб намуд, ӯ (р) дар ҷавоби ҳамсари худ гуфт: “Оре! Албатта, Аллоҳтаъоло шабро барои бандагони Худ барои оромию истироҳат офаридааст, магар барои Суҳайб! Вақто ки номи Ҷаннатро зикр мекунам, шавқам барои он тулонӣ мешавад ва ҳар гоҳе Ҷаҳаннам дар ёдам меояд, хоб аз чашмонам мепарад.”

Сипас дар охири ояти мазкур ишора ба неъмати сеюмини осмонӣ намуда, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ҳаракат ва гардиши Хуршеду Моҳ бо андозаи муайян, меъёру василаи ҳисоб қарор дода шуд, то бандагон бо ин васила роҳи ҳисоби вақтро дарёбанд. Албатта, ба ҳама маълум аст, ки аз Офтобу Моҳтоб кулли ашёи рӯйи Замин, ба хоса инсонҳо фоидаҳои бекарон мебаранд. Аз қадимулайём то ҳозир барои ҳисоби рӯзу шаб, ҳафтаву моҳу сол аз гардиши Офтобу Моҳтоб истифода мешавад. Ҳозир ҳам инсон муҳтоҷ аст, то соати худро ҳар рӯз ба ҳаракати онҳо мутобиқ кунад. Ин ҳама тақдиру андозаи он Худоест, ки бисёр ғолибу қодиру хеле доност ва ашёи бисёреро офарид, барномаи (қонунҳои) мавҷудияти онҳоро муайян намуд ва ҳама вақт аз ҳоли ҳамаи онҳо огоҳ аст.

Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)