Тафсири Сураи Анъом Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 95
۞ إِنَّ اللَّهَ فَالِقُ الْحَبِّ وَالنَّوَىٰ ۖ يُخْرِجُ الْحَيَّ مِنَ الْمَيِّتِ وَمُخْرِجُ الْمَيِّتِ مِنَ الْحَيِّ ۚ ذَٰلِكُمُ اللَّهُ ۖ فَأَنَّىٰ تُؤْفَكُونَ ٩٥
۞ Инналлоҳа фалиқу-л-ҳабби ва-н-нава. Юхриҷу-л-ҳайя мина-л-маййити ва мухриҷу-л-маййити мина-л-ҳайй. заликумуллоҳу фа анна туъфакун. 95.
95. Ҳаройина, Аллоҳ шикофандаи дон ва донакҳост. Берун меорад зиндаро аз мурда ва берунорандаи мурда аст аз зинда. Ин аст Аллоҳи шумо! Пас, чӣ гуна аз роҳи ҳақ баргардонида мешавед?
Аллоҳ таъоло дар ин оят чандин сифатҳои худро номбар намуда, ба се аҷоиботе, ки дар Замин аст, ишора намуда гуфтааст, ки ҳар дону донакҳое, ки дар Замин таги хок мешаванд ва онҳо ҳангоми саршавии сабзиш шикоф мешаванд, албатта, шикофандаи он донаҳо Аллоҳтаъолост. Бале! Барои вуҷуди Парвардигори ягонаро ва қудрату тавоноии Ӯро дар ҳама ашё фаҳмидан омухтани сохт ва равиши собзишм як майдатарин дон, кашф кардану аз ҳоли ӯ бохабар шудан кифоя аст.
Парвардигори олами ҳастӣ дар қисми аввали оят диққати инсонҳоро ба олами наботот ҷалб менамояд. Дар оят наботот аз сохти тухмиаш ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Набототи аз «дон»-ҳо рӯянда ва набототи аз «донак»-ҳо рӯянда. Набототи аз дон рӯянда растаниҳоанд, мисли гандум, ҷав, нахӯд в.ғ. Набототи аз донак рӯянда дарахтҳоанд мисли себ, нок, зардолу в.ғ.
Яке аз аҷоибтарин ҳодисаҳо дар раванди сабзиши наботот давраи нешзании онҳост. Тухми ба Замин (зери хок) партофташуда дар шароити мусоид, баъд аз гузашти вақти муайян шикоф мешавад ва ба неш задан оғоз мекунад.
Деҳқон баъди кишт ғайр аз интизорию ва дуъо ба сӯи Парвардигор дигар илоҷе надорад. Худи тухмӣ ҷон ва ақл надорад. Кӣ онро шикофт? Кӣ онро неш занонд ва ба оғози сабзиш амр кард? Оё инсон метавонад ба тухмӣ ин амрҳоро диҳад? На. Дар ин раванд ҳеҷ инсон дахолат карда наметавонад. Инсони бохирад каме дар ин бора бо инсоф фикр кунад, ба хулосаи раднопазир меояд. Оре. Фақат ва фақат Парвардигор ба ин амрҳою амалҳо қодиру тавоност. Парвардигор аст, ки раванди нешзанӣ, афзоиш, сабзиш, гулбандӣ ва ҳосилбандиро дар олами наботот идора менамояд. Ин ҳама маҳсулоти кишоварзии гуногун, ки ҳар яке бо хусусияти ба худ хос ба инсон лозиманд ва ин ҳама меваву сабзавоти рангорангу гуногун лаззат офарида ва парвардаи Худованди меҳрубонанд.
Дар давоми ояти мазкур омадааст, ки Худованд Зотест, ки мурдаро аз зинда ва зиндаро аз мурда ба вуҷуд меорад. Таъкиди маънои ин ҷузъи ояти мазкур дар ояти 258-уми сураи «Бақара» ва ояти 53-юми сураи «Тоҳо» низ омадааст. Дар шарҳи маънои ин ҷузъи ояти мазкур муфассирон мисолҳои зиёде овардаанд. Ибни Аббос (р) гуфтааст: маънояш он аст, ки Аллоҳ таъоло қодир аст муъминро аз кофир ва кофирро аз муъмин ба олам биёрад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки тухм як чизи «мурда» аст аз мурғи зинда ва мурғи зиндаро аз тухм, ки он мурдааст, берун меорад.
Хулоса, низоми пайдоиши ҳаёт аз мавҷудоти мурда ва пайдоиши мурдагон аз мавҷудоти зинда, як низоми умумию доимӣ дар ҷаҳони офариниш будааст, ки ин низомро Аллоҳтаъоло таъйин кардааст ва идора менамояд. Дар хотимаи ояти мазкур таъкидан фармудааст, ки ин аст Худои шумо, ки мудаббиру соҳиби санъатҳои аҷиб ва падидорандаи ҳамаи ашёст. Ин аст нишонаи қудрати комили бепоёни Парвардигор, ки шумо онро мебинед. Чаро аз ҳақ яксӯ мешавед? Чаро шуморо ба роҳи ботил мекашонанд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «