Сураи Анъом Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 97

وَهُوَ الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ النُّجُومَ لِتَهْتَدُوا بِهَا فِي ظُلُمَاتِ الْبَرِّ وَالْبَحْرِ ۗ قَدْ فَصَّلْنَا الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ ٩٧

Ва Ҳува-л-лазӣ ҷаъала лакуму-н-нуҷума ли таҳтаду биҳа фӣ зулумати-л-барри ва-л-баҳр. Қад фассална-л-айати ли қавми-й-яъламун. 97.

97. Ва Ӯст Зоте ки гардонид барои шумо ситораҳоро, то ба сабаби онҳо дар торикиҳои биёбон ва дарё роҳ ёбед. Дар ҳақиқат, оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба тафсил баён кардем.

Дар ояти мазкур Аллоҳ таъоло ба яке аз неъматҳои худ ишора намуда, бандагони худро миннат ниҳода фармудааст, ки Ӯ таъоло Зотест, ки ситорагони осмонро барои бандагони Худ неъмате гардонидааст.

Онҳо метавонанд ба василаи онҳо дар шаби тор, агарчи дар саҳрои бекарон ва ё миёни баҳр бошанд ҳам, тарафи шимолу ҷануб ё шарқу ғарб, хусусан ситораи Қутбро мушоҳида карда, роҳи худро меёбанд. Дар чунин ҳолат ситорагон барои роҳро ёфтан беҳтарин воситаанд. Ин ҳам манфиате барои бандагон аст. Ин мазмунро ояти 12-уми сураи «Фуссилат» чунин таъкид намудааст: “Ва зиннат додем осмони дунёро бо ситорагон ва нигаҳбон, ин аст тақдиру андозаи Зоти азизу доно.”

Ояти 5-уми сураи «Мулк» ҳам ба ин мазмун далолат мекунад.

Дар ҷумлаи охир Аллоҳ таъоло таъкид намуда гуфтааст, ки мо яқин оятҳо ва нишонаҳои худро барои шахсоне, ки боилму маърифатанду бо тадаббур ҳақро мешиносанд ва аз ботил парҳез мекунанд, ошкорро баён кардаем. Нишонаи ба ҳастӣ ва ягонагии Аллоҳ таъоло далолаткунанда, ки аз дигар нишонаҳо ошкортару зоҳиртар аст, дар ояти зер баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)