Сураи Анъом Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 98

وَهُوَ الَّذِي أَنْشَأَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ فَمُسْتَقَرٌّ وَمُسْتَوْدَعٌ ۗ قَدْ فَصَّلْنَا الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَفْقَهُونَ ٩٨

Ва Ҳува-л лази аншаакумм мин-н-нафси-в ваҳидатин фа мустақарру-в ва муставдаъ. Қад фассална-л-айати ли қавми-й яфқаҳун.98.

98. Ва Ӯст Зоте ки шуморо аз як шахс пайдо кард, пас, шуморо (пушти падар) ва вадиъатгоҳ (раҳми модар) қароргоҳ аст. Батаҳқиқ, оятҳоро барои гурӯҳе, ки мефаҳманд, батафсил баён кардем.

Чуноне ки дар ояти 1-уми сураи «Нисо» гузашт, Аллоҳтаъоло фармуд, ки ай мардум, аз Худо битарсед, Он худое, ки шуморо аз як инсон халқ намуд, ҷуфти ӯро низ пайдо кард. (Валлоҳу аълам) Ояти мазкур фармудааст, ки Ӯ таъоло Зотест, ки ҳамаи шуморо аз як инсон, яъне аз Одам (а) пайдо намуд, пас ҳама бародари якдигаред, на душмани маккору ғаддори якдигар.

Оре! Маълум аст, ки инсон худро ба дунё оварда наметавонад. Агар ӯ дар бораи пайдоиш ва афзоиши худ бо назари таҳқиқ ва ростбин нигоҳ кунад, дарҳол муъҷиза будани офариниши худро мефаҳмад. Бинобар ин, дар давоми оят Аллоҳтаъоло гуфтааст, ки Мо болои Заминро барои инсон қароргоҳ ва даруни Заминро вадиъатгоҳ (амонатгоҳ) гардонидем. Бо ривояти Ибни Аббос (р) камари падар барои инсон вадиъат (амонат)-гоҳ асту раҳми модар кароргоҳ.

Хулоса, барои Худоро якка донистан дар ин гуна оятҳо ҳикматҳои бисёр аҷиб аст. Қуръони карим барои фаҳмонидани ин ҳадаф, фикри инсонро гоҳо дар офоқ сайр медиҳад ва гоҳо ӯро ба сайри дохили вуҷуди худи инсон бурда, ба дарки нишона ва муъҷизаҳое, ки Парвардигор дар ҷисму ҷони ӯ ё дар офоқ ниҳодааст, даъваташ мекунад.

Дар хотимаи ояти мазкур Худованд таъкидан гуфтааст, ки ҳаройина, Мо нишонаҳои Худро барои шахсоне, ки дорои фаҳму хираданд, намоёну ошкоро ва ба тафсил баён намудем, то шахсони нуктасанҷу бофаҳм намуд ва сохти гуногуни офаридаҳоро бинанду бияндешанд ва ба ягонагии Худои худ қоил шаванду Ӯро комилан бишносанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)