Сураи Аъроф Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аъроф Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аъроф Ояти 13

قَالَ فَاهْبِطْ مِنْهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَنْ تَتَكَبَّرَ فِيهَا فَاخْرُجْ إِنَّكَ مِنَ الصَّاغِرِينَ ١٣

Қола фаҳбит минҳа фа ма якуну лака ан татакаббара фӣҳа фахруҷ иннака мина-с-соғирӣн. 13.

13. Аллоҳ гуфт: «Пас, аз он (Ҷаннат) фуруд рав, пас, лоиқ нест туро, ки дар он саркашӣ кунӣ. Пас, берун шав, ҳаройина, ту аз ҷумлаи хоршудагонӣ!».

Аллоҳ таъоло дар ин оят Иблисро хитоб намуда, фармуд, ки ай Иблис, ту Такаббур варзида, гунаҳгор шудӣ, амри Офаридгори худро иҷро накардӣ ин олами боло ҷои мутакаббирон нест. Сазовор нест, ки ту дар байни фариштагон ва дар ин дорул-қудс (макони олӣ) гаштугузор кунӣ. Акнун аз осмон ба Замин фурӯ шав, ҷои осиён (гунаҳкорон) ва мутеъон (итоаткорон) Замин аст. Аз Биҳишт ҳам берун шав. Ҳар ойина, ту аз ҷумлаи хоршудагон ҳастӣ. Вақто ки ин хитобаи Аллоҳ таъолоро он лаъин шунид ва фаҳмид, ки дигар ӯро дар ин олами боло ғунҷоиш нест, (яъне дар олами боло касе монда метавонад, ки саропо мутеъи фармони Ӯ таъоло бошад):


Рӯйхати оятҳои Сураи Аъроф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аъроф Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аъроф Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)