Сураи Аср Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аср Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аср Ояти 2

اِنَّ الۡاِنۡسَانَ لَفِىۡ خُسۡرٍۙ ٢

Инна-л-инсана лафӣ хуср. 2.

2. Ки албатта, инсон дар (тиҷорати умраш) дар зиён аст,

Инсон ҳама вақт барои худ зиёнкор аст. Зеро ҳаёту зиндагии ин дунё ва роҳату айши онро аз неъматҳои абадии охират хубтару афзалтар меҳисобад.

Ақли инсон тобеъ ва ғуломи ҳалқабаргӯши нафсаш аст. Нафси инсон ҳамавақт ҳарис аст. Дар ягон хоҳишу орзу ва амал андоза надорад. Нафси ғолиб ақли мағлубро бо роҳи ҳилаву фиреб, бо дуздӣ, дурӯғгӯи, ва ба дигар амалҳое, ки инсонро оқибат ба ҳалокат мерасонад истифода мебарад. Оқибати ин гуна корҳо инсонро, албатта, бадбахти дунё ва охират мегардонад.

Пурқимматтарин неъмате ки дар ин дунё барои инсон дода шуда аст, ҳаёт, (умр) аст. Инсоне, ки умрро фақат барои ҷамъ кардани сарвати дунё сарф мекунад ва аз ҳама хислати бадтарин ин аст, ки он сарватро барои корҳои беҳуда (ғайришаръӣ), лаззатҳои маҳвшавандаи дунё сарф мекунад, дар ҳақиқат умри худро барбод додааст. Вай зиёнкортарин инсон аст, зеро барои охирати худ заррае ҳам савоб захира накардааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аср «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аср Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аср Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)