Сураи аз-Зориёт Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 14

ذُوۡقُوۡا فِتۡنَتَكُمۡؕ هٰذَا الَّذِىۡ كُنۡتُمۡ بِهٖ تَسۡتَعۡجِلُوۡنَ ١٤

Зуқу фитнатакум ҳаза-л-лазӣ кунтум биҳӣ тастаъҷилун. 14.

14. (Ба онҳо гуфта шавад): «Бичашед ҷазои бадии худро, ин он аст, ки бо шитоб онро мехостед».

Аллоҳ таъоло дар ҷавоби пурсишҳои ғафлатзадагон мегӯяд, ки он рӯзи ваъдашуда мерасад ва чунин инсонҳо дар оташи Ҷаҳаннам сӯзонида мешаванд. Пас ба онҳо гуфта мешавад, ки омадани чунин рӯзро бо як шитобзадагӣ интизор будеду масхараву истеҳзо менамудед, акнун азоби ҷонсӯзро бичашед. Ин аст подоши шумо!

Агар шахсе ба шубҳа гӯяд, ки қиёмат кай меояд? Бояд фавран бе истиҳола тавба намояд, зеро омадани қиёмат илми ғайб буда, ба ғайри Аллоҳ таъоло ҳеҷ кас муҳлати аниқи омадани онро намедонад.

Баъди зикри ҳоли кофирон Аллоҳ таъоло дар оятҳои навбатӣ шарҳи аҳволи муъминонро баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)