Сураи аз-Зориёт Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 35

فَاَخۡرَجۡنَا مَنۡ كَانَ فِيۡهَا مِنَ الۡمُؤۡمِنِيۡنَ‌ۚ ٣٥

Фа ахраҷна ман кана фӣҳа мина-л-муъминӣн. 35.

35. Пас, ҳар киро дар он деҳа аз муъминон буд, баровардем.

Мазмуни ояти карима, валлоҳу аълам, чунин аст: Ҳамсари Лут (а) имон наоварда буд. Он муъминоне, ки дар ин оят дар назар дошта шудааст, Лут (а) ва духтаронаш буданд. Ба онҳо амр шуд, ба водии амн гузаранд, то азоби ваъдашуда бар сари гунаҳкорон бирезад. Дар ҳақиқат чунин шуд. Дар ривоят омада, ки дар деҳаи (иқоматгоҳи) ҳазрати Лут (а) 600000 аҳолӣ буд. Ҳазрати Ҷабраил (а) боли худро таги ин деҳа дароварда, деҳаро ба осмон бардошт, ҳатто, ки доду фарёди қавмро аҳли осмон мешунид. Пас, онҳоро сарозер партофт. Он гунаҳкороне, ки аз ин миён берун монданд, бо борони санг, чуноне ки оятҳои қаблӣ ишора карданд, ҳалок карда шуданд. Ҳамсари Лут (а) ҳам, дар қатори гунаҳкорон ҳалок шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)