Сураи аз-Зориёт Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 36

فَمَا وَجَدۡنَا فِيۡهَا غَيۡرَ بَيۡتٍ مِّنَ الۡمُسۡلِمِيۡنَ‌ۚ ٣٦

Фа ма ваҷадна фӣҳа ғайра байти-м мина-л-муслимӣн. 36.

36. Пас, дар ин ҷо ғайри як хонаи аз мусалмонон дигар хонае наёфтем.

Дар ояти қаблӣ калимаи «муъминон» истифода шудааст. Дар ин оят бошад, калимаи «мусулмонон» истифода шудааст. Ҳар ду калима нисбати Лут (а) истифода шудааст. Маълум мегардад, ки ҳар шахс муъмин бошад, пас ӯ мусалмон аст.

Яъне баъд аз ҳодисаи даҳшатбор дар деҳа ғайр аз аҳли як хонаи мусалмон, яъне Лут (а) ва духтарони ӯ дигар соҳибманзиле боқӣ намонд. Онҳое, ки ба ҳалокат расиданд, подоши амалҳои зишту бади худро гирифтанд. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)