Сураи аз-Зориёт Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 37

وَتَرَكۡنَا فِيۡهَاۤ اٰيَةً لِّـلَّذِيۡنَ يَخَافُوۡنَ الۡعَذَابَ الۡاَلِيۡمَؕ ٣٧

Ва таракна фӣҳа айата-л лил лазӣна яхофуна-л ъазаба-л-алӣм. 37.

37. Ва дар он деҳа барои ононе, ки аз азоби дарднок метарсанд, нишонае гузоштем.

Аллоҳ таъоло мефармояд, ки дар он макони ҳалокшудаи золимон «нишона»-е барои касоне, ки аз азоби дардноки илоҳӣ метарсанд, ёдгор гузоштем. Муфассирон таърихи пайдошавии он «нишона»-и ёдгориро чунин шарҳ медиҳанд.

Баъди ҳалокати даҳшатбор, дар натиҷаи заминларзаи сахт, он мавзеъ аз сатҳи баҳр ба тӯли 400 метр фурӯ рафт. Пастие ба вуҷуд омада бо оби бадбӯе пур шуд. Он макон ҳоло «Баҳри мурда» ном дорад. Бостоншиносон (археологҳо) аз қаъри он баҳр нишонаҳои деҳаи ба офати Худо гирифторшударо дар намуди зару зевар ва ҷавоҳирот ва дигар нишонаҳо пайдо намуданд.

Бояд мардум аз ин воқеъа ибрат бигиранд ва аз азоби Офаридгори худ битарсанд.

Дар ҳамин ҷо зикри меҳмонони ҳазрати Иброҳими халилуллоҳ ва қисме аз қиссаи Лут (а) поён ёфт. Дар ояти навбатӣ Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло аз қиссаи ҳазрати Мӯсо (а) бо услуби ин сура хабар медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)