Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 40
فَاَخَذۡنٰهُ وَجُنُوۡدَهٗ فَنَبَذۡنٰهُمۡ فِى الۡيَمِّ وَهُوَ مُلِيۡمٌؕ ٤٠
Фа ахазнаҳу ва ҷунудаҳу фа набазнаҳум фи-л-ямми ва ҳува мулӣм. 40.
40. Пас, ӯро ва лашкари ӯро гирифтем, пас, онҳоро дар дарё афкандем, дар ҳоле ки мустаҳиққи маломат буд.
Бо вуҷуди он ки таблиғи ҳазрати Мӯсо (а) ба Фиръавни лаъин расид, вале он бадбахт аз раъйи худ барнагашт ва туғёни худро идома дод. Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки чун панду мавъизаи (насиҳати) Расули Мо ба ӯ коргар нашуд, мустаҳиққи маломат гашт. Яъне Мо ӯро ва асҳобу (ҳамсуҳбатон) лашкариёнашро ба дарё ғарқ намудем.
Ҳангоме ки ҳазрати Мӯсо (а) ва бани Исроил аз таъқибӣ Фиръавн фирор намуда, ба лаби дарёи Нил расиданд, дар ин асно Фиръавну сарбозонаш низ онҳоро дунболагирӣ намуда, наздик омаданд. Аллоҳ таъоло ба Калими худ (Мӯсо (а) амр намуд, ки бо асойи худ боре ба дарё бизанад. Ҳазрати Мӯсо (а) чунин карданд ва дарё ба ду қисм ҷудо шуд. Роҳе дар миён омад ва ҳазрати Мӯсо (а) бо бани Исроил дарёро убур карда, аз соҳили дигар баромаданд. Фиръавн низ бо лашкариёнаш хостанд аз роҳи ҳазрати Мӯсо (а) ба он ҷониб барои нест кардани онҳо гузаранд. Фиръавниён ҳанӯз ба нимаи дарё нарасида буданд, ки дарё ба маҷрои пештараи худ ҷорӣ гашт ва Фиръавну ҳамроҳонаш ба ҳалокат расиданд. Ин аст муомила бо ситамгарон.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «