Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 39
فَتَوَلّٰى بِرُكۡنِهٖ وَقَالَ سٰحِرٌ اَوۡ مَجۡنُوۡنٌ ٣٩
Фа тавалла би рукниҳӣ ва қола саҳирун ав маҷнун. 39.
39. Пас, (Фиръавн) бо қуввати (лашкари) худ (аз ҳақ) рӯйгардон шуд ва гуфт: «Ин ҷодугарест ё девона».
Фиръавн подшоҳи пуриқтидор ва дорои сармояву лашкари бузург буд. Мӯсо (а) бо фармони Худо Фиръавнро ба имон овардан ба Парвардигори якто даъват кард. Ӯ суханҳои Мӯсо (а)-ро эътироф накард ва муъҷизаҳои он касро сеҳр пиндошт. Ҳангоме ки ҳазрати Мӯсо (а) бо изни илоҳӣ бо ёрии муъҷизаҳо бар сеҳр ва ҷодуи сеҳргарони Фиръавн пирӯз гардид, он лаъин такя ба сарват ва лашкари зиёди худ намуда, бо ғурур аз даъвати Мӯсо (а) рӯй гардонид ва имон наовард. Барои бим додан ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани лашкариёнаш Мӯсо (а)-ро ҷодугар, ё девона эълон кард. Гурӯҳи бисёре аз қавмаш ва лашкариёнаш Фиръавнро дастгирӣ намуданд. Бо ин амали худ Фиръавн ва лашкариёну ҷонибдоронаш ба Худованди ҷаббор кофир шуданд. Ин одати душманони Худост, зеро бозгашти охири худро эътироф намекунанд.
Адибе гуфтааст.
Туро ба кӯи аҷал ҳам гузар хоҳад буд.
Қароргоҳи ту «Дорулқарор» хоҳад буд,
Туро ба тахтаи тобут баркашам аз тахт,
Гарат хизонаву лашкар ҳазор хоҳад буд.
Оқибати кори онҳо чӣ тавр шуд, аз оятҳои минбаъда хоҳем донист.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «